Дар дуввумин синамоҷашнвораи “Тоҷи сомон”, ки аз 15 то 20-уми октябр дар Тоҷикистон баргузор мешавад, беш аз 40 филм аз 15 кишвар намоиш дода мешавад. Ҳамчунин Рӯзҳои синамои Эрон, Русия ва Қирғизистон доир мегардад.
Ба иттилои “Тоҷикфилм”, рӯзи 15-уми октябр филмҳое, ки дар барномаи озмунӣ шомиланд, ба доварон намоиш дода мешаванд. Ҳамон рӯз, соати 17:00 дар толори синамои ба номи Тоҳир Собиров барномаи фарҳангӣ доир шуда, Рӯзҳои синамои Эрон расман ифтитоҳ мешавад.
Дар баргаи мо бинед, ки кадом филми эронӣ, кай ва дар кадом толор намоиш дода мешавад:

Намоиши филмҳо дар доираи синамоҷашнвора рӯзи 16-уми октябр оғоз ёфта, то шоми 19-уми октябр беш аз 40 филм аз кишварҳои гуногун дар толорҳои синамои пойтахт намоиш дода мешавад.
Пеш аз намоиши филмҳо, соати 11:30 ба муносибати 60-солагии Бахтиёр Худойназаров, коргардони саршиноси тоҷик ҳамоиши байналмилалӣ доир мегардад.
Дар баргаҳои мо бинед, ки филми кадом кишвар, кай ва дар кадом толори синамо намоиш дода мешавад:
Намоиши филмҳои кишварҳои гуногун дар вилоятҳои Суғду Хатлону Бадахшон низ дар назар аст. Дар вилояти Хатлон филмҳои “Зиндагӣ зебост” аз Тоҷикистон, “Хонаи фурӯшӣ” аз Қирғизистон, “Қалъаи сиёҳ” аз Белорус, “Бумба роуд” аз Ҳиндустон, “Шаҳрвандони боло” аз Қазоқистон намоиш дода мешавад.
Дар вилояти Суғд намоиши филмҳои “Ҳаво” ва “Духтари капитан”-и Русия, “Аз дунболи баҳор”-и Ӯзбекистон, “Дарахт”-и Туркманистон ва “Хоби сурх” аз Тоҷикистон дар назар аст.
Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бошад, филмҳои “Дар талоши ҳақиқат” аз Тоҷикистон, “Шоҳзода” аз Молдова, “Пул дар рӯйи рӯдхонаи хушк” аз Эрон, “Ташаннуҷи шахсият” аз Индонезия ва “Балут”-и Туркия ба тамошо гузошта мешаванд.
Маросими ҷамъбастӣ ва ҷоизасупории дуюмин Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи сомон” рӯзи 19-уми октябр, соати 17:30 дар Театри давлатии академии орпера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор мешавад.
Бояд гуфт, ин синамоҷашнвора ба муносибати Рӯзи синамои тоҷик, ки ҳамасола 16-уми октябр дар Тоҷикистон таҷлил мегардад, баргузор мешавад. Имсол он таҳти шиори “Таърихи рушди тоҷикон” доир хоҳад шуд.
Ёдрас мешавем, ки якумин синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” соли 2023 баргузор шуда, дар он синамогарони кишварҳои Русия, Ӯзбекистон, Молдова, Озарбойҷон, Чин, Фаронса, Ҳиндустон, Покистон, Қазоқистон ва дигар давлатҳо иштирок доштанд. Он дар ду сол як маротиба мегузарад.




Тими миллии наврасони Тоҷикистон бо Ҷоми ҷаҳон хайрбод гуфт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 ноябри соли 2025
Тағйирот ба оинномаи Иттифоқи нависандагон имкон дод, Низом Қосим бори сеюм раис интихоб шавад
Дар либоси кормандони БДА Тоҷикистон дурбинҳои назоратӣ насб мешавад
Мустафохӯҷа Ҳусейнхоҷаев соҳиби унвони Устоди байналмилалии шатранҷ шуд
Умри якасра. Дар кишварҳои Осиёи Марказӣ чӣ қадар одамони аз 100-сола боло зиндагӣ мекунанд?
Дар маркази вилояти Хатлон ҳамоиши байналмилалии "Хатлон инвест Бохтар-2025" оғоз гардид
Тоҷикистонро дар "Abu Dhabi Grand Slam 2025" 10 ҷудокор муаррифӣ мекунанд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 18
Дар Тоҷикистон омӯзгорону кӯдаконро ба пахтачинии “ихтиёрӣ” маҷбур мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста