Владимир Путин, раисҷумҳури Русия "Консепсияи сиёсати муҳоҷират барои солҳои 2026-2030", ҳуҷҷати муайянкунандаи сиёсати муҳоҷират дар ин кишварро тасдиқ намуд. Он дар сомонаи санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқии ин кишвар ҷой дода шуда, он вазифаҳо ва самтҳои амалисозии сиёсати муҳоҷирати Русия барои 5 соли ояндаро муайян мекунад.
Бар асоси санад, вазифаҳои асосии сиёсати муҳоҷирати Русия, коҳиши теъдоди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ва поён овардани сатҳи ҷинояткорӣ аз сӯи онҳо хоҳад буд. Ҳамчунин, санади мазкур сахттар шудани талабот нисбат ба будубоши хориҷиёнеро, ки ба ҷомеаи Русия мутобиқ намешаванд, пешбинӣ мекунад.
Ҳамчунин, дар асоси он шумори донишҷӯёни хориҷӣ дар донишгоҳҳои Русия бояд афзоиш ёбад. Ба он муҳоҷироне, ки қонунӣ дар Русия ҳузур дошта, забони русиро медонад ва дар ягон ҷиноят даст надоранд, роҳҳои осонтари дарёфти шаҳрвандии Русия муқаррар шудааст.
Муҳимтарин нуктаҳои санад ба таври зайланд:
- Мақомоти Русия будубоши аъзои оилаҳои муҳоҷиронеро, ки кор ё таҳсил намекунанд, маҳдуд мекунанд;
- Теъдоди кӯдакони хориҷие, ки ба мактаб намераванд, бояд кам шавад;
- Давлат бо эҷоди минтақаҳои қавмӣ ва ҳошиянишии муҳоҷирон мубориза мебарад;
- Истифодаи фановариҳои иттилоотӣ ва системаҳои биометрӣ асоси назорати давлатӣ дар соҳаи муҳоҷират хоҳад шуд;
- Корфармоён вазифадор мешаванд, ки муҳоҷирони кориро аз ҷиҳати ҳуқуқӣ ҳамроҳӣ кунанд;
- Барои муҳоҷирати хориҷиёне, ки арзишҳои суннатии Русияро мепазиранд, шароити бештар фароҳам оварда мешавад.
Тасдиқи санади муайянкунандаи сиёсати муҳиҷрати ин кишвар дар ҳолест, ки дар беш аз ду соли охир махсусан, баъди ҳамла ба “Крокуси Сити Ҳол”, муҳоҷирситезӣ ва санҷишу амалиёт зидди муҳоҷирон дар Русия авҷ гирифтааст. Мақомоти ин кишвар ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.
Аз ҷумла, Вячеслав Володин, раиси Думаи давлатии Русия (палатаи поёнии парлумон) чанде пеш иттилоъ дод, ки дар 8 моҳи соли ҷорӣ, ҳудуди 35 ҳазор хориҷӣ, махсусан, муҳоҷирон аз қаламрави кишвар хориҷ карда шудаанд.
Ҳамчунин ӯ гуфт, то 1-уми сентябри соли ҷорӣ, дар рӯйхати "сиёҳ" ё шахсони таҳти назорати Вазорати корҳои дохилии Русия 770 ҳазор муҳоҷир қарор доранд, ки сеяки онҳоро занону кӯдакон мебошанд ва бодя онҳо аз ин кишвар ихроҷ шаванд.





Ба як ҷойи кории холӣ дар кишвар 6 кас рост меоянд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 38
Муҳоҷирати меҳнатии бехатар. Чӣ гуна метавон аз доми фиреби қаллобон эмин буд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 декабри соли 2025
Вакилони парлумон қонунеро қабул карданд, ки барои воридоти аккумулятор пули “утилизатсия” ситонида мешавад
Нокомии ҷудокорони тоҷик дар “Tokyo Grand Slam 2025”. Онҳо аз Ҷопон бемедал бармегарданд
КҲФ марги як зану шавҳар дар Рашт бар асари заҳролудшавӣ аз дуди ангиштро тасдиқ кард
Таъини ҷазо барои истеҳсоли “криптовалюта” бо истифода аз “барқи дуздӣ”
Марги як корманди пешини ҳукумати Исфара ҳамроҳи ҳамсар ва духтараш дар пайи заҳролудшавӣ
Дар Тоҷикистон чеҳраи нафақахӯронро шиносоӣ мекунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста