Дирӯз, 19-уми октябр дар Боғи ба номи Абулқосим Фирдавсӣ ҷашни Меҳргон бо шукӯҳ таҷлил гардид. Дар ин ҷо намоиш-фурӯши ҳосили ҷамъшудаи деҳқонону кишоварзон ва навъҳои гуногуни хӯрокҳои миллӣ аз тамоми минтақаҳои Тоҷикистон ташкил шуд.
Дар ҳошияи ҷашни Меҳргон ҳамчунин, фестивали занбӯрпарварон, намоиш-фурӯши асал, Иди себу ангур, Иди харбузаву каду, намоиши ғаладонагӣ ва ҷашнвораи “Оши палав” баргузор шуданд.
Деҳқонону кишоварзон ва ангӯрпарварон аз минтақаҳои кишвар маҳсулоти худро то 40% арзонтар аз нархи бозор ба фурӯш гузоштанд.
Дар ҷашнвораи "Оши палов", ошпазҳо аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ ширкат намуда, бо истифода аз биринҷи маҳаллӣ, оши минтақаи худро омода карданд. Ба сокинону меҳмонон оши палов ройгон дода шуд.
Ҷашни Меҳргон дар Тоҷикистон аз соли 2009 инҷониб таҷлил мегардад. Меҳргон ҷашни тирамоҳӣ маҳсуб ёфта, ҳамчун рамзи сипосгузорӣ барои неъматҳои табиат ва заҳмати деҳқонон, эҳтиром ба ягонагии инсон ва табиат таҷлил карда мешавад.
Соли гузашта, ҷашни қадимаи деҳқонон – Меҳргон ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста