Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламо, муфтии Тоҷикистон зимни як суханронии худ, ки ахиран навори он дар шабакаи “YouTube”–и Маркази Исломии Тоҷикистон нашр шуд, аз маъмул шудани “ботокс“ ва “татуировка” миёни ҷомеа нигаронӣ ва интиқод кард.
Навори суханронии муфтӣ се рӯз пеш дар саҳифаи “YouTube”–и Маркази исломии Тоҷикистон нашр шуда буд.
Худи Саидмукаррам Абдулқодирзода ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард, ки дар “ин мавзӯъ рӯзи чаҳоршанбеи гузашта дар пахши мустқим (15-уми октябр) ва зимни намози ҷумъаи гузашта (17-уми октябр) дар масҷиди марказии кишвар суханронӣ кардааст.
Давоми се рӯз порчае аз суханронии ӯ дар баъзе масъалаҳои ҷамъиятӣ дар саҳифаҳои Маркази Исломии Тоҷикистон дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд.
Муфтии Тоҷикистон дар навори нашршуда зиёд шудани сӯзанзании лабу руй ё ба қавле “ботокс”-ро зери интиқод гирифта, таъкид мекунад, ки ин амалҳо “ҳаром” аст. Ӯ мегӯяд, “дар пайравӣ аз ашхоси бегона” бештари духтарон “лабҳоро бо сӯзандору “бурта” мекунанд” ва пеш аз даст задан ба ин амал, аз оқибати он намеандешанд.
Абдулқодирзода бо киноя мегӯяд, “як чизи наве аст, ки ҳоло ном надорад. Бояд фарҳангиҳо ва забоншиносон номгузорӣ кунанд”.
Ӯ таъкид мекунад, ки “ин амалҳои ношоиста онҷо (охират дар назар аст) ҷавобгарӣ дорад ва гуноҳ барои ҳам ба худ сӯзандору задану ҳам ба дигарон гузаронидаи он баробар аст”.
Ҳамчунин, муфтии кишвар аз тағйир додани шакли биниву руй интиқод карда, зикр мекунад, ки “ин ҷисм амонат аст ва ин маънои онро надорад, ки ҳар инсон ба ҷисмаш ихтиёр дошта бошад, дигар гӯшашро бурад ё шакли биниашро тағйир диҳад, ба ҷуз ҳолатҳои табобатӣ, ки он масъалаи дигар аст”.
Ӯ таъкид мекунад, ки инсон ба ҳар шакле, ки набошад, бояд аз ҷисми доштаи худ қаноатманд бошад.
“Падару модар қаламу қоғаз надошт, ки бинависанду бикашанд, ки қаду қомат чӣ қадару биниву гушу чашм чӣ гуна бошад ё каси оянда интихоб накарда буд, ки шаклу намудаш чӣ гуна бошад... Дар беҳтарин сурат офарида шудаӣ, ҳоло ахлоқатро беҳтар кун”, - иброз доҳштааст Абдулқодирзода.
Бояд гуфт, ки ин бори аввал нест, ки муфтии кишвар аз “мӯд”-у хурофот интиқод мекунад. Ӯ пештар муроҷиат ба ҷодугарону фолбинҳоро низ интиқод карда, гуфта буд, ки “касоне, ки назди ҷодугарон мераванд, кофир мешавад ва никоҳашон ботил мегардад”. Дар як навори дигар ҳам фолбиниву ҷодугариро интиқод карда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста