Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ (World Crafts Council) рӯзи 21-уми октябр шаҳри Панҷакентро расман ҳамчун “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ барои сузанидӯзӣ” эътироф кардааст.
Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷӣ хабар додааст.
Ба гуфтаи манбаъ, Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ бо ЮНЕСКО алоқамандӣ дошта, ҷиҳати рушди иқтисодӣ тавассути ҳунарҳои дастӣ, дастгирии ҳунармандон ва ташвиқи ҳамкорӣ амал мекунад. Ин Шӯро ба шаҳрҳое, ки дар пешбурди мероси ҳунарии худ фаъоланд, унвони “Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳои дастӣ”-ро медиҳад.
Шӯрои ҷаҳонии ҳунармандӣ унвони "Шаҳри ҷаҳонии ҳунарҳо"-ро ба шаҳрҳое медиҳад, ки анъанаҳои ҳунармандии худро ҳифз ва фаъолона таблиғ мекунанд.
Сӯзанӣ ин гулдӯзии дастӣ аст, ки асосан дар Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Эрон маъмул аст.
Зикр кардан зарур аст, ки дигар унсурҳои ҳунармандии тоҷикон, аз қабили атласу адрасу чакан низ қаблан ба Рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО дохил карда шуда буданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста