Ба муносибати Рӯзи Конститутсия донишҷӯёни макотиби олии Тоҷикистон ҳам як рӯз истироҳат мекунанд. Дар ин бора аз Вазорати маориф ба “Азия-Плюс” хабар дода, гуфтанд, рӯзи 6-уми ноябр (панҷшанбе) барои донишҷӯён дарс нахоҳад буд.
Ба гуфтаи манбаъ, пас аз Рӯзи Конститутсия дарсҳо мувофиқи ҷадвали муқаррарӣ идома меёбанд.
Аз вазорат гуфтанд, ин қарор ба хонандагони мактабҳои Тоҷикистон рабт надорад, зеро Рӯзи Конститутсия ба таътили тирамоҳии онҳо рост меояд.
Ёдовар мешавем, ки ба муносибати Рӯзи Конститусияи Тоҷикистон сокинони кишвар чор рӯз пайиҳам - 6, 7, 8 ва 9-уми ноябр истироҳат мекунанд. Аз Федератсияи мустақили иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ ба “Азия-Плюс” гуфта буданд, ки “бо мақсади истифодаи оқилонаи рӯзҳои корӣ”, рӯзи шанбе, 1-уми ноябр рӯзи корӣ ва рӯзи ҷумъа, 7-уми ноябр рӯзи истироҳат эълон шудаааст.
Бо ин тартиб, онҳое, ки панҷ рӯзи корӣ дар як ҳафта доранд, метавонанд аз 6-уми ноябр то 9-уми ноябр истироҳат кунанд ва 10-уми ноябр ба кор бароянд. Вале онҳое, ки ҳафтаи шашрӯзаи корӣ доранд, 2 рӯз истироҳат мекунанд ва рӯзи 8-уми ноябр барои онҳо корӣ аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста