Дирӯз, 7-уми ноябр, дар Тоҷикистон Рӯзи театри тоҷик таҷлил шуд. Як соли пеш дар ин моваро ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029”-ро қабул карда буд.
Дар ин барнома, аз ҷумла, зикр мешуд, ки давоми 5 соли минбаъда ҷиҳати рушди театр дар кишвар беш аз 14 млн сомонӣ равона мегардад. Ва таъкид мешуд, ки он бо назардошти зарурати гузаронидани “ислоҳоти ҷиддӣ оид ба баланд бардоштани сатҳу сифати намоишҳои театрӣ, таҳсилоти театрӣ ва шаклҳои гуногуни театрҳои касбӣ” ба ҳалли ин мушкилот, аз ҷумла мушкилоти моддиву кадрӣ равона гардидааст.
Мо аз театршинос, драманавис ва ҳунарманд пурсон шудем, ки бо гузашти як сол аз оғози татбиқи ин барнома чӣ тағйирот шуд? Барномаи мазкур то куҷо тавонист тӯли як сол “ислоҳоти ҷиддӣ” гузаронад?
“Беҳбудӣ эҳсос мешавад”
Муҳаммадуллоҳ Табарӣ, театршиноси шинохта ва мунаққиди ин соҳа, иброз дошт, ки маълум нест он маблағе, ки дар барнома ҷудо шудааст, воқеан ба театрҳо дода шуд ва ё не, вале мавзӯъ ва сатҳи намоишҳои театрҳои пойтахт хубтар шудааст.
Ӯ гуфт, давоми соли равон дар кишвар ҳам ҷашнвораи ҷумҳуриявии “Парасту” ва ҳам ҷашнвораи байналмиллалии “Наврӯз” баргузор шуд. Ба гуфтаи театршинос, баргузории ин ду ҷашнвора маблағи зиёдро талаб мекунад, аммо метавонад заминаи ислоҳоти ҷиддӣ дар ин самт бошад.

Ба гуфтаи Табарӣ, мавзӯъ ва таҳияи намоишҳои ҷашнвораи “Парасту” хеле суст буд, ҷашнвораи “Наврӯз” ҳам бо камбудиҳои зиёд баргузор шуд.
“Пас аз баргузории ин ду ҷашнвора боз дилам аз театру кори он сард гашта буд. Аммо чаҳор намоиши охир маро ба фардои рӯшани театри тоҷик дилгарм кард. Аз ҷумла, намоиши “Хирс” дар Театри ҷавонон, “Шамс ва Мавлоно” ва “Ричарди III” дар Театри Лоҳутӣ ва “Пирсар” дар Театри Аҳорун. Ин намоишҳо ҳам дар сатҳи беҳтар таҳия шуданд, кори коргардонҳо, рангпардозӣ, либосҳо, мусиқӣ ва декори хуб доштанд”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Муҳаммадуллоҳ Табарӣ афзуд, “дар гузашта як либос дар чанд намоиш ба ҳунармандон пӯшонида мешуд, вале дар “Ричарди III” ба як ҳунарманд то 3 намуд либоси наву мувофиқ дӯхта буданд”.
Ба гуфтаи ӯ, имсол коргардон Бекпулот Парманов аз Қазоқистон дар Театри ҷавонон намоиши “Ман дар ёд дорам...”-ро гузошт ва ба наздикӣ боз Ширбина аз Русия омада дар Театри Лухтак намоишнома мегузорад. Инчунин, дар соли равон чанд ҳунарманду коргардони хориҷӣ дарси “Устоду шогирд” гузарониданд.
“Намедонам, ки ин ҳама дар доираи татбиқи “Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029” анҷом шуд ва ё не. Вале дар театрҳои пойтахт беҳбудиҳо эҳсос мешавад”, - хулоса кард театршинос.
“Ғамхории доимиро талаб мекунад”
Ҷумъа Қуддус, драманависи шинохта ва узви Шӯрои бадеии Вазорати фарҳанг мегӯяд, “дар мавсими гузаштаи театрӣ сатҳу сифати намоишҳои театрҳои касбии ҷумҳурӣ хеле баланд шуд”.

“Асарҳои аз лиҳози иҷро хуб, режиссура ва ороиши саҳнавии мураккаб дар театрҳои Лоҳутӣ, Маяковский, Хоруғ, Бохтар, Данғара, Конибодом таҳия шуда, дар фестивали “Парасту” сазовори ҷоизаҳо шуданд. Дидани ин пешравиҳо дар театрҳои бароям қарингашта хеле хуш аст. Маълум, ки ҳар як сомонии иловашуда барои таҳияи асарҳо равона шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, “то ҷое хабар дорам, ҳаҷми ҳаққи қалами драманависон се-чор маротиба баланд шуд. Аз ҷумла, дар Озмуни ҷумҳуриявии асарҳои драмавӣ ҳам ҳаҷми мукофот 4 маротиба зиёд гашт”.
Ҷумъа Қуддус таъкид кард, ки “бо илова кардани маблағи кофӣ якбора рушд душвор аст, ин ғамхории доимиро талаб мекунад ва барои рушди умум - тарбияи кадрҳои нави ҳунарманд коргардон, драманавис вақти бештар талаб мекунад. Агар ин барномаи солҳои зиёдро дар бар гирад, барои рушди аҳли ҳунар хуб мусоидат мекунад”.
“Ягона мушкили Театри русӣ...”
Мавлона Наҷмиддинова, ҳунарпешаи шинохтаи Театри русии ба номи Владимир Маяковский, иброз дошт, ки аз ҷузъиёти барнома ва маблағи ҷудо шудаи он хабар надорад, вале соли равон дар театри мазкур ҳеҷ гуна камбудие ба назар нарасидааст.

“Аз барномаи рушди театр ва маблағи он бояд роҳбарони театрҳо огоҳ бошанд ва дар татбиқи он саҳм гузоранд. Мо - ҳунармандон дар бораи маблағ набояд фикр кунем. Вазифаи мо ҳунар офаридан аст. Барои ин ба ҳунармандон бояд шароит фароҳам оварда шавад”, - гуфт Наҷмиддинова.
Ин ҳунарманд гуфт, “дар дигар театрҳо як либосро дар чанд намоиш истифода мебаранд, вале дар театри мо чунин ҳолат набуд. Мо дар ҳама намоишҳо аз ришу бурут то пойафзолҳоро ё дӯзонидем ё нав харидем”.
Ӯ дар бораи тасвиру ороиши саҳна, рангпардозӣ, мусиқӣ ва дигар лавозимот ҳам ҳарф зада, аз навгониҳо хабар дод. Инчунин, афзуд, ки соли равон Вазорати фарҳанг барои таъмини кадрҳои боистеъдод дар театр, чанд танро барои таҳсил ба Русия равон кардааст.
Мавлона Наҷмиддинова гуфт, ягона мушкил ё камбудии Театри русӣ иҷоранишин будану надоштани саҳнаи барҳавову бинои вижаи худ аст.
Бояд гуфт, ҳоло сохтмони бинои нави ин театр оғоз шуда, онро Русия месозад.
Дар Барнома чӣ гуфта шудааст?
Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ барои солҳои 2025-2029 моҳи октябри соли 2024 аз ҷониби раиси ҷумҳури кишвар имзо шуд. Дар умум, ин Барнома маҷмӯи чорабиниҳое, ки давоми панҷ соли минбаъда ҷиҳати рушди соҳаи театр анҷом дода мешавад, муқаррар кардааст.
Дастгирии баргузории озмунҳои драматургӣ, инчунин нашри асарҳои драмавии муосир, омодасозии кадрҳои эҷодӣ дар соҳаи санъати театрӣ, тайёр намудани мутахассисон аз рӯйи ихтисосҳои “рассом-декоратор”, “рассом-бутафор”, “рассом-пардозгар”, такмили самтҳои менеҷмент, маркетинг ва реклама дар соҳаи театр, таъсиси сомонаҳо дар театрҳо бо мақсади оммавигардонии санъати театр, таъминоти моддию техникии муассисаҳои театрӣ, зиёд намудани теъдоди намоишномаҳо барои наврасону кӯдакон аз мақсад ва вазифаҳои асосии ин барнома гуфта мешавад.

Масъулияти иҷрои ин Барнома ба зиммаи Вазорати фарҳанги кишвар ва идораҳои дахлдори шаҳру навоҳии ҷумҳурӣ вогузор шудааст.
Зикр шудааст, ки давоми панҷ соли баъдӣ мақомоти дахлдори шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳо то 31-уми декабри ҳар сол ба Вазорати фарҳанг маълумот пешниҳод мекунанд ва вазорати фарҳанг ҳар сол 1-уми феврал ба ҳукумати ҷумҳурӣ дар бораи корҳои дар ин сол анҷомдодашуда ҳисобот пешниҳод менамояд.
Пул аз куҷост?
Барои тадбиқи вазифаву мақсадҳои дар Барнома пешбинишуда дар умум 14 миллиону 313 ҳазор сомонӣ аз буҷаи ҷумҳуриявӣ, Вазорати фарҳанг, буҷаи маҳаллӣ, даромадҳои дохилии муассисаҳои театрӣ ва маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст.
Барои иҷрои нақшаи амали соли 2025-и ин барнома 3 миллиону 204 ҳазор сомонӣ маблағ пешбинӣ шуда буд, аз ҷумла аз буҷаи ҷумҳуриявӣ 1 миллиону 776 ҳазор сомонӣ, аз Вазорати фарҳанг 616 ҳазор сомонӣ, аз буҷети маҳаллӣ 712 ҳазор сомонӣ, 85 ҳазор сомонӣ маблағҳои худӣ ва 15 ҳазор сомонӣ маблағҳои грантӣ.
Вазорати фарҳанги кишвар нақшаи амали Барномаи рушди санъати театриро барои соли 2025 омода намуда, барои ҳар як театри кишвар маблағ ва вазифаҳои мушаххас пешбинӣ кардааст.
Бояд гуфт, ки айни ҳол дар Тоҷикистон 18 театри касбӣ, аз ҷумла 1 театр дар ВМКБ, 7 театр дар вилояти Суғд, 4 театр дар вилояти Хатлон ва 6 театр дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд. Аз 1905 корманди ин театрҳо танҳо 625 нафар таҳсилоти касбии олии касбӣ доштаанд.
Дар нақшаи амали ин Барнома барои Муассисаи давлатии “Театри давлатии академии драмавии ба номи Абулқосим Лоҳутӣ” 234 ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст. Бо ин маблағ муҷаҳҳазгардонии саҳна бо таҷҳизоти муосир, ҷалби коргардонҳо ва ҳунармандон аз кишварҳои хориҷа барои таҳия ва басаҳнагузории намоишҳо, басаҳнагузории асарҳо дар мавзуи таърихӣ ва муосир ба роҳ монда хоҳад шуд. Ба дигар театрҳо чанд ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо шудааст, дар баргаҳои мо бубинед.

Ҳафт монеаи рушди театри тоҷик
Бояд гуфт, ки қаблан борҳо коргадонону ҳунармандони тоҷик аз камбуди маблағ дар театр ибрози нигаронӣ карда, онро яке аз монеаҳои аслии рушди театри тоҷик меномиданд.
Бетаваҷҷуҳӣ ба театр ҳам солҳо омили дилсардии аҳли театри тоҷик шудааст. Ба гуфтаи онҳо, аз сабаби он, ки театр тамошобини кам дорад, даромади кам дорад ва ҳеч кадом намоишномае, ки дар чандсолаи ахир ба рӯи саҳна омадааст, хароҷоташро напӯшонидааст.
Сарфи назар аз ҳамаи ин, ҳам ҳунармандон ва ҳам коргадонони тоҷик аз мавҷуди сензуда дар театр ҷиддан нигаронанд. Барномаи рушди театр, ин нукотро ба назар гирифтааст ё не, мушаххас нест, вале дар он таъкид шудааст, ки дар театрҳо “ислоҳоти ҷиддӣ” гузаронида шавад.
Аз бетаваҷҷуҳӣ, ақибмонии театр аз замона, то мавҷудияти сензура ва камбуди маблағ, маҷмӯан 7 монеаи ҷиддии театри тоҷикро дар матлаби зерини мо хонед.
Дар бораи ҷузъиёти пурраи “Барномаи давлатии рушди санъати театрӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2025-2029” дар ин матлаби "Азия-Плюс" маълумот гиред.




Аз кор озод кардани муҳоҷирон дар Русия осонтар мешавад. Он чӣ гуна кор мекунад?
Муҳоҷири тоҷик чӣ қадар бояд кор кунад, то дар Душанбе хона харад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 декабри соли 2025
Таҳримҳо алайҳи 3 бонки Тоҷикистон. Он ба фаъолияти бонкҳо чӣ таъсир расонида метавонад?
Назархудо Дастамбуев: "Ҳар як кӯдак бояд тавассути бозӣ инкишоф ёбад..."
Аввали ҳафтаи оянда дар кишвар боришоти шадид пешгӯӣ мешавад
"Лимит"-и барқ то нақлиёти барқӣ расид. Электромобилҳо чӣ қадар барқ истифода мекунанд?
Пиряхи "Деҳдал" дар як моҳ 520 метр ҳаракат кардааст
Дар Русия марҳилаи озмоишии ҷамъоварии маълумоти биометрии муҳоҷирон оғоз шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 декабри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста