Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон шаҳрвандони кишварро барои кор дар Гурҷистон дар самти бурдарасонӣ (доставка) даъват кардааст. Ин ниҳод гуфтааст, ки музди кор дар як соат беш аз 6 доллар (ҳудуди 58 сомонӣ) аст.
Аммо, ба қавли манбаъ, хариди билет, хӯрок ва ҷои зист аз ҳисоби худи коргар пардохт карда мешавад. Хоҳишмандон дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба муддати як сол дар ин кишвар фаъолият карда метавонанд.
Талаботҳо чунинанд:
- аз 18 то 45 сол доштан;
- надоштани доғи судӣ;
- доштани шаҳодатномаи ронандагӣ (категорияҳои А ва В);
Вазорати меҳнат гуфтааст, ки хоҳишмандон барои бақайдгирӣ ба “Марказҳои машварати ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” воқеъ дар кӯчаи Садриддин Айнӣ 121 дар шаҳри Душанбе муроҷиат карда метавонанд.

Рақамҳо барои тамос: 225-05-75, 225-02-21, +992938131372 (WhatsApp).
Бояд гуфт, ки аксари муҳоҷирони кории Тоҷикистон дар Русия қарор дошта, солҳои охир ба фишор ва маҳдудиятҳои зиёд дар ин кишвар дучор мешаванд.
Аз ин лиҳоз, мақомоти Тоҷикистон талош доранд барои гуногунсамт кардани бозори муҳоҷирати кишвар чораҳо андешанд. Аз ҷумла, ба бозори кории Британияи Кабир, Кореяи Ҷанубӣ, Қатар, Қувайт, Арманистон, Литва ворид шудан мехоҳанд.
Соле пеш созишномаи ниҳоӣ оид ба ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Ҳамчунин, Вазорати меҳнату муҳоҷират беш аз 600 шаҳрвандони кишварро барои кор дар ширкати “Jusour” дар фурудгоҳи Қатар ба ҳайси фурӯшанда-мушовир даъват карда буд.
Аз ин пештар, муҳоҷирони тоҷикро барои кор дар Литва ва Арманистон низ даъват карда гуфта буд, ки ин кишвар айни ҳол ба 60 корманд ниёз дорад. Аммо дақиқ нест, ки дар доираи ин ҳамкориҳо ва пас аз даъвати ин кишварҳо чанд нафар соҳиби ҷои кор шуданд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста