Солҳои охир теъдоди донишҷӯён аз Тоҷикистон, ки барои таҳсил донишгоҳҳои Ӯзбекистонро интихоб мекунанд, рӯ ба афзоиш дорад. Тибқи маълумоти расмӣ, шаҳрвандони Тоҷикистон ҳиссаи назарраси донишҷӯёни хориҷиро дар ин кишвар ташкил медиҳанд —айни замон дар макотиби олии Ӯзбекистон 1 ҳазору 443 тоҷикистонӣ таҳсил мекунад.

Ин тамоюл ба маҷмӯи омилҳо вобаста аст.

Беҳрӯз Юсупов, хатмкардаи Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар Тошканд (WIUT)

Барои Беҳрӯз, ки зодаи шаҳри Хуҷанд аст, интихоби таҳсил дар Ӯзбекистон дар соли 2021 қарори огоҳона буд.

"Асоситарин чизе, ки он вақт меҷустам, ин буд: гирифтани таҳсилоти ба низоми ғарбӣ мувофиқ бо нархи дастрас, наздик ба хона ва фароҳам овардани имкон барои андешаи идомаи роҳ", - мегӯяд ӯ.

Беҳрӯз дар конфронси бузурги Модели СММ дар Осиёи Марказӣ
Акс аз бойгонии шахсии Беҳрӯз Юсупов

WIUT, ки низоми таҳсилоти Бритониёро (як соли Foundation ва се соли бакалавриат) пешниҳод мекунад, барои ӯ интихоби беҳтарин буд.

"Дипломи намунаи бритониёӣ, аммо даҳ маротиба арзонтар аз худи Бритониё, ҳамагӣ 180 километр дуртар аз зодгоҳам - Хуҷанд, ки дар рӯзҳои истироҳат метавонам баргардам", - иброз медорад Беҳрӯз.

Ӯ дар аввал ният дошт, ки танҳо як сол таҳсил карда, ба дигар донишгоҳи хориҷӣ гузарад, аммо воқеият аз интизориҳояш бештар шуд.

"Ман ба ин донишгоҳ ошиқ шудам, даҳҳо дӯст пайдо кардам, шавқи таҳсилро дар худ кашф намудам ва дурнамои рушди шахсиро дар Тошканди босуръат рушдёбанда дидам", — мегӯяд Беҳрӯз.

Донишгоҳ барои ӯ ҳамзамон минбаре барои рушду инкишофи эҷодӣ шуд. Маҳз дар маҳфили мусиқии донишгоҳ ӯ ба сурудхонӣ оғоз карда, дар натиҷа чор суруди муаллифӣ (сингл) эҷод кард.

Маросими иҷрои суруди "Меравӣ"
Акс аз бойгонии шахсии Беҳрӯз Юсупов

Чанде пеш Беҳрӯз ба барномаи магистратураи Emirates Aviation University (Донишгоҳи ҳавонавардии Амороти Муттаҳидаи Араб) шомил шуд. Барои ӯ таҳсил дар WIUT нуқтаи ибтидои роҳ ба сӯи касбу ихтисоси байнулмилалӣ шуд.

"Ҳангоми интихоби донишгоҳ ба инобат гирифтани ҳама чиз — орзуву имконият ва арзишҳои ботинии худ муҳим аст", — хулоса мекунад ӯ.

Фирӯз Юлдошев, донишҷӯи Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар Тошканд (WIUT):

Фирӯз зикр мекунад, ки бартарии асосии интихоби кишвари таҳсил дар умумияти фарҳангӣ ифода меёбад: "Мардум, анъанаҳо, тарзи тафаккур ба кишвари мо бисёр монанд аст ва ман худро дар ин ҷо бароҳат эҳсос мекунам".

Барои донишҷӯён аз Хуҷанд, мисли Фирӯз, масъалаи роҳ хеле осон аст, зеро роҳ то Тошканд ҳамагӣ 2–3 соат вақтро дар бар гирифта, имкон медиҳад, ки бе танаффус дар таҳсил волидонро зуд-зуд аёдат кунанд.

Фирӯз дар назди бинои Донишгоҳи байнулмилалии Вестминстер дар Тошканд
Акс аз бойгонии шахсии Фирӯз Юлдошев

Далели асосӣ ба фоидаи Вестминстер, мисли дигар донишгоҳҳои пешрафтаи Ӯзбекистон, сифати таҳсилоти сатҳи байналмилалӣ мебошад. Фирӯз таъкид мекунад, бо он сабаб WIUT-ро интихоб кард, ки ин филиали расмии Донишгоҳи Лондон аст.

"Барномаи таълимӣ дар ин ҷо пурра ба низоми бритониёӣ мувофиқ буда, баъди хатм ман дипломи англисӣ мегирам. Яъне, таҳсил дар Ӯзбекистон, дар асл, таҳсилоти сатҳи Бритониё аст", - шарҳ медиҳад ӯ.

Дар баробари ин, омили ҳалкунанда дастрасии молиявӣ мебошад: ҳамон барномаест, ки дар Лондон амал мекунад, вале бо арзиши чандин маротиба поинтар аз донишгоҳҳои гаронбаҳои аврупоӣ ва амрикоӣ.

Қобили зикр аст, ки Фирӯз қаблан имкони таҳсил дар Кореяи Ҷанубӣ, Амороти Муттаҳидаи Араб ва Италияро баррасӣ карда буд, аммо дар ниҳоят Ӯзбекистонро интихоб кард. Яке аз сабабҳои асосии даст кашидан аз кишварҳои дур маслиҳати волидон буд, ки Ӯзбекистонро "интихоби беҳтарин: наздик, амн ва ҳамзамон дорои таҳсилоти аълосифати сатҳи байнулмилалӣ" шумориданд.

Меҳрона Очилова, донишҷӯйи Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд

Меҳрона Ӯзбекистонро интихоби хуб барои дарёфти таҳсилоти босифат мешуморад. Ҳангоми интихоби донишгоҳ барои ӯ муҳим буд, ки тавонад омезиши рушду камоли илмӣ ва муҳити бароҳати фарҳангиро пайдо кунад. Ба гуфтаи ӯ, Ӯзбекистон низоми таҳсилоти олиро бо такя ба меъёрҳои байналмилалӣ фаъолона рушд ва барномаҳои муосир роҳандозӣ мекунад, ки ин ҳама Тошкандро ба маркази ҷолиби таълимӣ табдил додааст.

Ғайр аз ин, фарҳанг, анъана ва таоми маҳаллӣ барои Меҳрона хеле шинос ва наздиканд, ки ин барои зуд мутобиқ шудан ва худро дилпур ҳис кардан ба ӯ кумак кард.

Меҳрона Очилова дар назди бинои Донишгоҳ
Акс аз бойгонии шахсии Меҳрона Очилова

Вақти интихоб чанд омил асаргузор будааст. Аввалан, арзиши дастрасии таҳсил ва зиндагӣ нисбат ба дигар кишварҳо, мисли Русия ва Қазоқистон. Сониян, наздикӣ ба ватан — Меҳрона метавонад наздиконашро бидуни сарфи вақт ва хароҷоти зиёд аёдат кунад. Саввум, мавҷуд будани барномаҳои русӣ ва англисӣ равандро осонтар мекунад.

Донишҷӯдухтар ҳамчунин зикр мекунад, ки дар донишгоҳ муҳити гарму самимӣ ва фазои дастгирии ҳамдигарӣ ҳукмфармост. Ин бахусус дар муносибати устодон ба машғулиятҳо эҳсос мешавад.

"Онҳо ҳамеша кӯшиш мекунанд, ки ҷараёни таълим шавқовар ва ҷолиб бошад. Ба туфайли ин, сатҳи иштироки донишҷӯён дар таҳсил хеле баланд аст", - мегӯяд ӯ.

Шартҳои қабул ва муассисаҳои таълимии ҷаҳонӣ

Яке аз сабабҳои интихоби Ӯзбекистон ин сабуку озодтар будани шартҳои қабул барои шаҳрвандони хориҷӣ мебошад, ки онро баъзе донишгоҳҳои ин кишвар пешниҳод мекунанд.

Бинои Донишгоҳи байнулмилалии Вестминстер дар Тошканд
Акс аз gazeta.uz

Илова бар ин, дар ин кишвар филиалҳои як қатор донишгоҳҳои байнулмилалӣ амал мекунанд.

Ғайр аз Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар Тошканд (Westminster International University in Tashkent), ки аллакай зикр шуд, дар Ӯзбекистон ҳамчунин муассисаҳои таълимии зерин фаъолият мекунанд:

Донишгоҳи Вебстер (ИМА). Арзиши таҳсил барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ин ҷо ва минбаъд дар бисёр донишгоҳҳои дигар ягона аст — 48 168 сомонӣ дар як сол.

Донишгоҳи политехникии Турин (Италия) — аз 23 470 то 35 204 сомонӣ дар як сол (нарх вобаста ба интихоби барномаи таҳсил тағйир меёбад).

Донишгоҳи Инха (Кореяи Ҷанубӣ) — 48 437 сомонӣ.

Донишгоҳи Амити (Ҳиндустон) — аз 32 291 то 46 130 сомонӣ (нарх вобаста ба интихоби барномаи таҳсил тағйир меёбад).

Филиали МГИМО ё худ Донишкадаи давлатии муносибатҳои байнулмилалии Маскав (Россия) - 56 280 сомонӣ.

Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур (MDIS) — 32 476 сомонӣ.

Арзиши таҳсил дар Донишгоҳи байналмилалии Вестминстер дар Тошканд 41 ҳазору 787 сомониро ташкил медиҳад.

Дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тошканд, ки дар боло зикр шуда буд, таҳсил барои хориҷиён 23 266 сомонӣ дар як сол мебошад.

Таҳсил дар ин филиалҳо мувофиқи меъёрҳои байналмилалии таҳсилот баргузор мешавад, ки аксаран бо забони англисӣ сурат мегирад. Дипломҳое, ки аз ҷониби онҳо дода мешаванд, дар сатҳи ҷаҳонӣ эътироф шудаанд. Ин барои донишҷӯёне, ки ба фаъолият дар муносибатҳои байнулмилалӣ таваҷҷуҳ доранд, омили муҳим ба ҳисоб меравад.

Радабандиҳои байнулмилалӣ ва эътирофи дипломҳо

Ҳузури рӯзафзуни донишгоҳҳои Ӯзбекистон дар радабандиҳои байнулмилалии академӣ ба афзоиши ҷолибияти онҳо мусоидат мекунад. Шомил шудани донишгоҳҳое, мисли Донишгоҳи миллии Ӯзбекистон ва Донишгоҳи миллии таҳқиқотии "Донишкадаи муҳандисони обёрӣ ва механизатсияи кишоварзии Тошканд" ба рӯйхатҳои QS World University Rankings ва THE Impact Rankings гувоҳи он аст, ки онҳо ба меъёрҳои муайяни ҷаҳонӣ дар соҳаи маориф ва илм мутобиқат мекунанд.

Мактабҳои олии Ӯзбекистон дар радабандии ҷаҳонии QS World University Rankings
Намогирифт аз торнамои topuniversities.com

Асоси ҳуқуқӣ барои минбаъд дар ватан ба кор ҷалб шуданро созишномаи байниҳукуматӣ оид ба эътирофи мутақобилаи ҳуҷҷатҳои таҳсилотӣ таъмин мекунад, ки аз соли 2018 байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон амал мекунад.

Омилҳои иқтисодӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ

Арзиши таҳсил ва зист як ҷиҳати муҳими дигар ба шумор меравад. Барои бисёр донишҷӯён шароити молиявӣ дар Ӯзбекистон нисбат ба таҳсил дар кишварҳои хориҷи дур бештар қобили қабул буда метавонад.

Омилҳои иҷтимоию фарҳангӣ низ нақши муҳим доранд. Наздикии ҷуғрофӣ, умумияти робитаҳои таърихию фарҳангӣ ба мутобиқшавии зудтар ва роҳаттари донишҷӯёни тоҷик мусоидат менамояд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.