Бори нахуст дар 12 фурудгоҳи калонтарини шаҳрҳои Русия нуқтаҳои назорати муҳоҷирон ба кор оғоз кард. Тибқи иттилои Вазорати корҳои дохилии Русия, ҳадафи аслии ташкили ин гузаргоҳҳои назоратӣ муайян кардани шаҳрвандони хориҷиест, ки “қонунҳои муҳоҷиратро” вайрон мекунанд.
Ба гуфтаи манбаъ, гузаргоҳҳои назоратӣ аз ҷумла дар фурудгоҳҳои Маскав, Санкт-Петербург, Сочи, Қазон, Новосибирск, Красноярск, Екатеринбург ва дигар шаҳрҳои Русия ташкил шудаанд.
Мақомоти Русия гуфтаанд, нуқтаҳои назорати муҳоҷиронро дар истгоҳҳои марзии роҳи оҳан, дар наздикии гузаргоҳҳои нақлиётӣ ва обӣ низ ташкил хоҳанд кард.
Қаблан, мақомоти ин кишвар дар фурудгоҳҳо изи ангушт (дактилоскопия) ва аксбардории муҳоҷиронро оғоз карда буданд.
Моҳи апрел президент Владимир Путин фармон дода буд, ки ба ҷои Сарраёсати масъалаҳои муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии ин кишвар Хадамоти шаҳрвандӣ ва бақайдгирии шаҳрвандони хориҷӣ таъсис дода шавад, хабар медиҳад РБК.
Онро Андрей Кикот роҳбарӣ мекунад, ки қаблан ҳамчун додситони вилояти Новгород ва дар замоне, ки Игор Краснов, додситон кули ин кишвар буд, муовини ӯ кор мекард.
Дмитрий Песков, сухангӯи раисҷумҳури ин кишвар гуфта буд, ки ниҳоди нав имкон медиҳад, ки "масъалаҳои марбут ба муҳоҷират самараноктар ҳал карда шаванд, коркарди онҳо суръат гирифта шавад ва ҳамоҳангӣ байни ниҳодҳо беҳтар карда шавад".
Гуфтан зарур аст, ки тайи ду соли охир мақомоти Русия ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистонро аз ин кишвар ихроҷ карданд, “рӯйхати сиёҳ”-и муҳоҷиронро тартиб доданд ва ба қонунгузории самти муҳоҷират даҳҳо тағйиру иловаҳо ворид карданд, ки будубоши муҳоҷиронро сахттар мекунад.
Гузаронидани рейдҳо дар Русия дар як соли охир хеле зиёд шудааст. Мақомоти ин кишвар бо шеваҳои гуногун ба муҳоҷирон фишор меоранд, аз рейдҳо дар кӯча то тафтиши ҷойҳои истиқомат ва корхонаҳо. Ин рейдҳо одатан дар қолаби амалиётҳои “боздоштани муҳоҷирони ғайриқонунӣ” ва дар аксар ҳолат таҳқиромез гузаронида мешаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста