Дар ҶСК “Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе” низоми муосири назорати худкор (автоматӣ)-и вуруди воситаи нақлиёт ва танзими таваққуфгоҳ ба кор даромад. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз маркази матбуоти фурудгоҳ хабар доданд.
Ба иттилои манбаъ, роҳандозии чунин низом ба фароҳам сохтани шароити бароҳат барои мусофирон ва ронандагон, инчунин пешниҳоди хидматрасонии муосир ба меҳмонон ва сайёҳони кишвар равона шудааст.
“Ғайр аз ин, навгонӣ ба пешгирии фаъолияти таксиҳои ғайриқонунӣ ва иҷрои талаботи ИКАО (Созмони байнулмилалии авиатсияи гражданӣ) дар мавриди таъмини амнияти парвозҳо мусоидат мекунад”, - гуфтанд дар маркази матбуот.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе барои гуселу пешвози муосирон минтақаҳои махсус сохта шуданд.

Ёдрас мекунем, ки аз моҳи май дар фурудгоҳи Душанбе вуруд барои шахсоне, ки барои гусел ё пешвоз меоянд, манъ шуд.
Гуфта мешуд, ин мамнуъият бо мақсади риояи қоидаҳои байналмилалии амнияти парвозҳо, нигоҳ доштани тартиботи ҷамъиятӣ, иҷрои меъёрҳои беҳдоштӣ, аз ҷумла, пешгирии паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва тоза нигоҳ доштани фурудгоҳ амалӣ шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста