Муҳоҷират барои аксар шаҳрвандони кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз роҳҳои асосии беҳтар кардани зиндагӣ ва ҷустуҷӯи имконоти нав аст. Аммо ноогоҳӣ аз мушкилот, хатар ва фиребҳо дар ин роҳ метавонад ба истисмор, саргардонӣ ва харчи пули зиёд сабаб шавад. Ин матлаб барои онҳоест, ки мехоҳанд бехатар, қонунӣ ва бо огоҳии пурра рахти муҳоҷират банданд.
Хатарҳои муҳоҷират
- иҷрои кори ғайриқонунӣ бо ваъдаи музди баланд;
- мусодираи ҳуҷҷатҳои шахсӣ, маҳдуд кардани фаъолият ва муошират аз сӯйи корфармо;
- додани маош ё пардохти камтар аз меъёри дар шартномаи меҳнатӣ зикршуда;
- фиреби ширкатҳо ва миёнаравони қалбакӣ;
- истисмори ҷинсӣ;
- меҳнати маҷбурӣ: бештар аз соати муайяншуда дар шароити носозгор кор кардан, дер гирифтани маош;
- қарздор шудан.

Қоидаҳои ҷустуҷӯи кор
Рушди технология имкони пайдо кардани кор дар хориҷаро осон кард. Ҳамзамон, фиребгарон дар фазои маҷозӣ, ширкатҳои қаллобӣ низ дар ин қатор зиёд шуданд, ки бо ваъдаи кори сердаромад ва шароити хуб, эътимоди одамонро ба даст оварда, бо баҳонаи ҳуҷҷатгузорӣ ё ба кор таъмин кардан маблағ мегиранд ва баъдан ғайб мезананд. Корбарони “Азия”-Плюс” низ борҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз пайдо шудани чунин ширкатҳои қаллобӣ нигаронӣ карда буданд.
Барои пайдо кардани шуғли боэътимод ва бехатар, ба чанд нукта бояд таваҷҷуҳ кард:
- ба таклифҳои шубҳаовар дар бораи кори сердаромад дар хориҷа бовар накунед;
- қонунӣ будани ширкат ва иҷозатномаи он ё шахсони ба хориҷа даъваткунандаро аз рӯйи рақами бақайдгирӣ, суроға ва маълумот барои тамос санҷед;
- бо ҳуқуқшинос ё ташкилоте, ки дар самти муҳоҷират фаъолият доранд ва ба муҳоҷирони меҳнатӣ машварати ҳуқуқӣ пешниҳод мекунанд, машварат кунед;
- то замоне, ки ба фаъолияти қонунии ширкат боварӣ пайдо накунед, нусхаи аслии ҳуҷҷатҳоятонро пешниҳод накунед;
- барои пешниҳоди маблағ саросема нашавед, аввал бо мутахассис машварат кунед, ки он барои чӣ сарф мешавад ва бо чӣ мақсад рӯёнида мешавад;
- ба ҳамаи ҳуҷҷатҳое, ки ширкат пешниҳод мекунад, зуд бовар накунед. Онҳо метавонанд қалбакӣ бошанд, аз ин рӯ, аввал ҳуҷҷатҳоро ба мутахассисон нишон диҳед ва машварат гиред.

Ҳатто агар кори пешниҳодшуда ва ширкати даъваткунанда боваринок бошанд, ин комилан наметавонад кафолати дурӣ аз хавфу хатарҳо дар кишвари хориҷа бошад. Аз ин рӯ, бо зинаи дигари муҳоҷират, ки омодагӣ ба сафар аст, бояд шинос шуд:
- Қонунгузории кишвари қабулкунандаро хуб омӯхта, аз ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худ бохабар бошед;
- Забон ва фарҳанги он кишварро то ҳадди имкон омӯзед;
- Пеш аз сафар ҳатман аз корфармо талаб кунед, ки ба шумо расман даъватномаи корӣ ва нусхаи шартномаи меҳнатиро фиристад.
Донистани қонунгузории кишвари қабулкунанда, будубоши қонунӣ ба шумо кафолат медиҳад, ки дар ҳимояи қонуни он кишвар бошед.
Дар ҳолати дучор шудан ба мушкилот дар хориҷа, аз ҷумла, меҳнати маҷбурӣ ва ё истисмори ҷинсӣ, метавонед ба рақамҳои телефони боварие, ки аз ҷониби ниҳодҳои давлатӣ ва Созмони байналмилалии муҷоҷират фаъол шудаанд, муроҷиат кунед:
Хатти оҷилӣ барои муҳоҷирон: 900800800
Маркази муқовимат бо савдои одамон дар назди ВКД-и ҶТ: 227 07 07, 980 10 55 55
Телефони боварии ВКД ҶТ: 221 21 21






Аз Душанбе то Порису Ванкувер. Масири духтари тоҷике, ки аз хонадони Шаҳидӣ ба минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ роҳ ёфт
“Чорво зиёд ва фермаҳо фаъол шаванд”. Бо боздошту ҷаримаи соҳибкорон нархи гӯшт арзон мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 декабри соли 2025
Далели нав барои ҷарима. Дарҷ накардани маълумоти зарурӣ дар расид муҷозот мешавад
Мероси урани Тоҷикистон: барои халосӣ аз зарари он чӣ қадар маблағ лозим аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 декабри соли 2025
Боз як пардохти ҳатмӣ. Ширкатҳои мобилӣ уҳдадор шуданд, ки барои нобудсозии “антенна”-и худ пул диҳанд
“Ба музояда касе наомад”. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” боз харидор наёфт
Марги 2 кас дар пайи таркиши мина. Дар Тоҷикистон то ҳол беш аз 12 км мураббаъ аз минаҳо тоза нашудаанд
“Дар дилхоҳ шуъбаи Оҷонсӣ метавонед аз қайд гузаред”. Ҷузъиёти шиносоии чеҳраи нафақагирон дар Тоҷикистон
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста