Дар кишвар лоиҳаи махсуси таълимие оғоз шуд, ки ҳадафаш фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои омӯзиши технологияи муосир аст. Дар муддати ҳамагӣ 2 моҳ ҳар шахси хоҳишманди аз 16 то 70-сола метавонад аз навкор ба халабони дорои сертификати дастгоҳҳои парвозкунандаи бесарнишин (дронҳо) табдил ёбад.

Тақрибан чаҳор моҳ пеш дар ҷумҳурӣ татбиқи барномаи бузургмиқёси “Беҳтар кардани малакаҳои касбӣ ва имконоти шуғл” оғоз гардид. Ин на танҳо як давраи омӯзишӣ, балки бахше аз стратегияи давлатӣ барои суръат бахшидан ба саноатикунонии кишвар аст.

Чаро паҳподҳо?

Ҷаҳон босуръат дар ҳоли тағйир аст ва бахши кишоварзии Тоҷикистон низ аз ин раванд дар канор нест. Имрӯз паҳпод дигар "бозича" нест, балки ба як “ёвари оқил”-и деҳқонон табдил ёфтааст. Истифодаи онҳо на танҳо самаранокии кори кишоварзонро афзоиш медиҳад, балки ба рушди устувори истеҳсолоти кишоварзӣ низ мусоидат мекунад.

Тарҳи паҳподе, ки дар саҳро истифода мешавад
Акс аз Asia-Plus

Истифодаи паҳподҳо имкон медиҳад, ки замин "бо дақиқият" бо нуриҳои маъданӣ ғизо дода шавад ва ба ин васила ҳосилнокӣ баланд шуда, хароҷот коҳиш ёбад. Барои истифодаи чунин техника, кишвар ба мутахассисони ҳирфаӣ ниёз дорад, аз ин рӯ, тасмим гирифтааст, ки таълиму омӯзиши ройгони онҳоро ба роҳ монад.

Маркази рушди малакаҳои назди Донишкадаи сайёҳӣ, соҳибкорӣ ва хидматрасонӣ
Акс аз Asia-Plus

Шартҳои омӯзиш

Лоиҳа ба ҳамаи хоҳишмандон шароити яксон фароҳам оварда, шартҳое пешниҳод мекунад, ки қаблан дар бозори таълиму омӯзиш вуҷуд надоштанд:

Платформа барои омӯзиш
Акс аз Asia-Plus

Муҳлати таълим: Ҳамагӣ 2 моҳ омӯзиши ҷиддӣ.

Ҷадвали устувор: Машғулиятҳо ҳамарӯза дар 2 баст баргузор мешаванд. Хоҳишмандон метавонанд вақти барояшон мувофиқро интихоб кунанд: нимаи аввали рӯз: 09:00 – 12:00; баъди нисфирӯзӣ: 14:00 – 17:00

Синну сол: Аз 16 то 70-сола. Дар барнома ҳам хатмкунандагони мактаб ва ҳам нафақахӯрон имкони иштирок доранд.

Тавозуни гендерӣ: Дар барнома маҳдудияти ҷинсӣ вуҷуд надорад. Аммо қобили таваҷҷуҳ аст, ки имрӯз қисмати зиёди таълимгирандагонро занону ҷавонони аз 16 то 30-сола ташкил медиҳанд.

Имтиёзҳо барои хатмкунандагони муваффақ

Пас аз анҷоми давраи омӯзишӣ ва муваффақона супоридани санҷиш (аттестатсия), ҳар як хатмкунанда аз имтиёзҳои зерин бархурдор мешавад:

- идрорпулии якдафъаина ба маблағи 120 доллар.

- гувоҳномаи намунаи байналмилалӣ, ки имкони фаъолият дар ширкатҳои бузургро фароҳам меорад.

- тавсиянома барои дарёфти ҷойи кор, ки барои ҳарчи зудтар пайдо кардани шуғл мусоидат мекунад.

Тренажёри машқу омӯзиш
Акс аз Asia-Plus

Операторон дар куҷо таълим мегиранд?

Пойгоҳи асосии омодасозии идоракунандагони ҳавопаймоҳои бесарнишин барои бахши кишоварзӣ, дар Маркази рушди малакаҳо, таълими касбӣ ва хидматрасонӣ дар шаҳри Душанбе қарор дорад.

Экрани омӯзиши тарзи кор бо паҳподҳо
Акс аз Asia-Plus

Бо вуҷуди ин, амалисозии лоиҳа танҳо бо пойтахт маҳдуд нашуда, саросари кишварро фаро мегирад. Дар маҷмуъ, 6 маркази муосир нуқтаҳои зерин таъсис дода шудаанд:

- Душанбе: сайёҳӣ, хидматрасонӣ ва операторони паҳподҳо.

- Роғун: энергетика.

- Данғара: соҳаи кишоварзӣ.

- Хуҷанд, Бохтар ва Восеъ: таълими касбӣ ва хидматрасонӣ. 

Ин чӣ гуна имконпазир шуд?

Лоиҳа дар асоси созишнома миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки осиёии рушд (БОР) амалӣ мешавад. Ҳадафи аслии он мутобиқ сохтани шаҳрвандони кишвар ба талаботи бозори муосири меҳнат унвон мешавад.

Ба гуфтаи созмондиҳандагон, имрӯз дар ҷумҳурӣ норасоии мутахассисони дорои малакаҳои кор бо технологияҳои нав эҳсос мешавад. Аз ин рӯ, дар доираи лоиҳа дастгирии ҷӯяндагони кор барои мубориза бо хатарҳо ва тағйироти бозори муосири меҳнат пешбинӣ шудааст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.