Соли 2025 дар Тоҷикистон ҳаво зиёда аз 3 дараҷа баландтар аз нишондиҳандаҳои миёнаи мавсимӣ дар давраи солҳои 1981-2020 ба қайд гирифта шуд. Дар ин бора маълумоти барномаи аврупоии иқлими "Copernicus" гувоҳӣ медиҳад.
Аз моҳи май то декабр ба истиснои моҳи ноябр, ҳар моҳ ҳароратҳои рекордии баланд сабт мешуд, ки Тоҷикистонро ба яке аз кишварҳои бештар осебдида аз мавҷи глобалии гармӣ табдил дод.
Дар соли 2025 ба сурати умум дар зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ҳарорати рекордии моҳона сабт шул.
Коршиносон зикр мекунанд, ки бо сабаби омилҳои иқтимоӣ ва иқтисодӣ, Тоҷикистон бахусус осебпазир буд.
Тибқи маълумоти созмонҳои байнулмилалӣ, танҳо 41%-и аҳолии кишвар ба оби нӯшокии бехатар дастрасӣ доранд. Ин омил ба хавфҳо барои солимӣ ва амнияти озуқаворӣ тавқвият мебахшад.
Кишварҳои ҳамсояи минтақа, аз ҷумла Қазоқистону Ӯзбекистон низ бо мушкили гармшавии ҷиддӣ дучор шуданд: ҳарорат дар ин давлатҳо аз меъёри мавсимӣ 2-3 дараҷа баландтар буд.
Ба ғайр аз Осиёи Марказӣ, гармои реекордӣ ба минтақаи Соҳил дар Африқо ва як қатор кишварҳои Аврупо низ таъсир расонид.
Олимон аз шабакаи World Weather Attribution" зикр мекунанд, ки аз соли 2015 мавҷҳои ғайримуқаррари гарм қариб 10 баробар бештар имконпазир шуданд, ки мустақиман ба тағйирёбии антропогении иқлим марбут аст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста