Вакилони палати поёнии парлумон лоиҳаи тағйиру иловаҳои қонун дар бора рӯзҳои идро ба тасвиб расониданд, ки тибқи он ҳар сол 1-уми июл дар кишвар “Рӯзи кормандони соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа” таҷлил мешавад.
Ин лоиҳаи қонунро рӯзи 25-уми декабри соли 2025 ҳукумати кишвар бо имзои як қарори махусус, барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагон ирсол карда буд.
Вакилони парлумон дар ҷаласаи рӯзи 21-уми январ дар баробари дигар қонунҳо тағийрот ба ин қонунро ҳам ба тасвиб расониданд ва аз ин пас ҳар сол 1-уми июл кормандони суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа иди худро таҷлил мекунанд.
Ҳоло дар Тоҷикистон расман 97 иду ҷашн мавҷуд аст, ки 12 – тояш ғайрикорӣ мебошанд:
- 1 январ – Соли нав;
- 8 март – Рӯзи Модар;
- 21-24 март – Ҷашни байналмилалии “Наврӯз”;
- 9 май – Рӯзи Ғалаба;
- 27 июн – Рӯзи Ваҳдати миллӣ;
- 9 сентябр – Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- 6 ноябр – Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Иди Рамазон (ҳар сол аз ҷониби мақоми давлатӣ муқаррар мешавад);
- Рӯзи иди Қурбон (ҳар сол аз ҷониби мақоми давлатӣ муқаррар мешавад).
Дар ҳамин ҳол, тибқи қарори ҳукумат рӯзҳои кории зерин дар соли 2026 ба рӯзи истироҳат гузаронида шуданд. Яъне сокинон рӯзи шанбеи 14-уми март кор мекунанд ва ба ҷои он рӯзи ҷумъаи 27-уми март истироҳат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ, дар ҷашни “Наврӯз” аҳолӣ 9 рӯз пайдарҳам истироҳат мекунанд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста