Соли 2025 дар Тоҷикистон ба 4 ҳазору 422 оила ба маблағи 6,6 млн сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст. Дар ин бора Абдураҳмон Ҳалимзод, раҳбари Оҷонсии бимаи иҷтимоӣ ва нафақаи Тоҷикистон хабар дод.
Ӯ, ки 13-уми феврал дар нишасти хабарии ниҳоди зери роҳбариаш суҳбат мекард, изҳор дошт, ки дафнпулӣ нисбат ба соли 2024 ба маблағи 1,1 млн сомонӣ камтар пардохт шудааст ва теъдоди онҳое, ки ин маблағро дарёфт кардаанд 931 нафар кам шудааст.
Сабаби коҳиши пардохти дафнпулиро Абдураҳмон Ҳалимзод чунин шарҳ дод:
“Пеш аз ҳама баланд бардоштани некӯавҳолии мардум мебошад, яъне кам шудани шумораи камбизоатҳо. Сабаби дуюм корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ, аз ин ҳисоб коҳиш ёфтанд”, - гуфт Ҳалимзода.
Аммо ӯ шарҳ надод, ки “корҳои назоративу фаҳмондадиҳӣ” чӣ аст ва он ба коҳиши пардохти дафнпулӣ чӣ гуна таъсир расонидааст.
Ба қавли Ҳалимзод дафнпулӣ баробар ба 20 нишондиҳанда барои ҳисобҳо аст.
Соли 2026 як нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар Тоҷикистон 78 сомонӣ муқаррар шудааст ва дафнпулӣ 1 ҳазору 560 сомонӣ мешавад.
Соли гузашта як нишондиҳанда барои ҳисобҳо 75 сомонӣ буд ва барои дархост пешниҳод кардаҳо 1 ҳазору 500 сомонӣ дафнпулӣ пардохт шудааст.
Зикр кардан ба маврид аст, ки дафнпули як навъ пардохт ё кӯмакпулии иҷтимоӣ аст, ки ба оилаҳои камбизоат дода мешавад. Оилаҳои камбизоатро мақомоти маҳаллӣ муайян ва сабт мекунанд. Танҳо бо пешниҳоди маълумотнома аз ин ниҳод, метавон дафнпулӣ гирифт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста