Соли 2025 аз Тоҷикистон ба Русия ба маблағи 4,5 млн доллар тақрибан 7,4 ҳазор тонна ангур содир шудааст, ки нисбат ба соли 2024-ум 25% зиёд мебошад.
Дар ин бора дар мулоқоти онлайнии Абдураҳмон Абдураҳмонзода, вазири рушди иқтисодии Тоҷикистон ва Максим Решетников, вазири рушди иқтисоди Русия, ки рӯзи 16-уми феврали соли 2025 баргузор гардид, зикр шудааст.
Ҷоинбҳо дар ин гуфтугӯ, рафти иҷрои дастурҳое, ки дар пайи сафари давлатии Владимир Путин, раисҷумҳури Русия ба Тоҷикистон дар моҳи декабри соли гузашта, ироа шуда буд, баррасӣ кардаанд. Он замон, Владимир Путин гуфта буд, ки то соли 2030 ҳаҷми тиҷорат байни ду кишвар бояд 2,5 маротиба афзоиш дода шавад.
Тавре хадамоти матбуоти Вазорати рушди иқтисоди Русия менависад, ки дар мулоқоти Абдураҳмонзода ва Решетников ба афзоиши таъминоти маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон дар бозори Русия, аз ҷумла ангур, пиёзи барвақтӣ, кабудӣ ва дигар молҳо диққати махсус дода шудааст.
Ба гуфтаи Максим Решетников, яке аз аввалин натиҷаҳои назарраси ҳамкориҳо, афзоиши чашмраси содироти ангур аз Тоҷикистан ба Россия гардид, ки соли 2025 ҳаҷми содироти он назар ба соли 2024-ум 25% афзуд.
Баҳриддин Сироҷиддинзода, директори Оҷонсии содироти Тоҷикистон дар нишасти матбуотии 30-юми янва гуфта буд, ки соли 2025 ангур “маҳсули асосӣ”-и Тоҷикистон барои содирот ба Русия гашт.
Илова ба Русия, Тоҷикистон содироти ангури тару тоза ва хушкшударо ба дигар кишварҳо, ба монанди Қазоқистон, Покистон, Узбекистон ва Ироқ низ афзуд.
Ҳаҷми умумии содироти ангури тару тоза ва хушкшударо дар соли 2025 тақрибан 32,6 ҳазор тонна ташкил дод, ки барои кишвар беш аз 9,4 миллион доллар фоида овард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста