Дар ноҳияи Рӯдакӣ лоиҳаи “Минтақаҳои бехатари мактабӣ” ба анҷом расид, ки барои беҳбуди сатҳи огаҳӣ ва таҷриба дар соҳаи бехатарии ҳаракат дар роҳ миёни хонандагон ва ҷавонон равона шудааст.
Лоиҳа дар се мактаби санҷишии ноҳияи Рӯдакӣ - №1, №15 ва №85 татбиқ шуд. Он аз ҷониби созмони ҷамъиятии “Насли навраси Тоҷикистон” бо мусоидати бевоситаи ҳукумати ноҳияи Рӯдакӣ, раёсати маорифи ноҳия, роҳбарони мактабҳо ва шуъбаи БДА дар ин ноҳия амалӣ шуд. Дар татбиқи лоиҳа FIA Foundation (Федератсияи байнулмилалии автомобилӣ) ва EASST (Эътилофи шарқ ба хотири нақлиёти бехатар ва устувор) кумак кардаву саҳм гузоштанд.
Ҳамагӣ дар доираи лоиҳа зиёда аз 700 хонандаи синфҳои 5-7-ум аз давраи омӯзишӣ гузаштанд. Дар ҳар кадоме аз мактабҳои зикршуда гурӯҳҳои Нозири навраси роҳҳо (ННР) таъсис дода шуданд. Хонандагоне, ки аз давраи омӯзишӣ гузаштанд, акнун худашон дар мактаб риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва рафтори бехатар дар кӯчаву роҳҳоро тарғиб намуда, инчнуин дарсҳои кушод мегузаронанд. Барои баргузор намудани чунин дарсҳо ба нозирон дастурамалҳои махсуси таълимӣ ва аёнӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳҳо, ки аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҶТ тасдиқ карда шудааст, тақдим карда шуд. Ба ин маҷмӯа дастурамалҳо барои кӯдакони синни то 6-сола, 6-11-сола ва 12-14 сола дохил мешаванд. Ғайр аз ин, нозирони наврас бо либосҳои махсуси инъикосгари рангҳо, чӯбдасти танзимгарони ҳаракат ва сарпӯшҳо таъмин шуданд.

Ҳамчунин дар доираи лоиҳа дар назди мактабҳо қитъаҳои пиёдагард, аломатҳои “эҳтиёт кӯдакон” ва маҳдудкунандаи суръати ҳаракати автомобилҳо то 40 км/соат гузошта шуданд. Дар қад-қади роҳ бошад, панҷараҳои оҳанин гузошта шуда, болои ҷуйборҳоро пӯшониданд.
Тавре ки мудири лоиҳаҳои ТҶ “Насли навраси Тоҷикистон” Дилшод Холматов зикр кард, дар ин ташаббус бунёди асосу замина ҷиҳати пешбурди устувори бехатарии ҳаракат дар роҳ барои кӯдакон пешбинӣ шудааст. Ин тадбирҳо аз бевосита таъмин кардани мактабҳо бо захираҳои зарурӣ, ҷалби хонандагон, беҳбуди сатҳи огаҳӣ тариқи чорабиниҳои иттилоотӣ ва корзори гуногун иборат аст.

“Дар доираи лоиҳаи “Минтақаҳои бехатар назди мактабҳо” зерсохтори марбута барои бехатарии ҳаракат дар роҳ таъмин карда шуд. Барои пешгирии ҳодисаҳои нохуш бо иштироки кӯдакон минтақаҳои пиёдагард, инчунин аломатҳои “Кӯдакон” ва маҳдудияти суръати ҳаракат насб шуданд. Акнун ба туфайли кумаки ТҶ “Насли навраси Тоҷикистон” ва омӯзиши нозирони навраси роҳ, мо аз бехатарии кӯдакони худ ташвишу нигаронӣ надорем ва барои ин аз онҳо хеле миннатдорем”, - мегӯяд мудири мактаби №85-и ноҳияи Рӯдакӣ Мунавварова М.
Мудири мактаби №1 Абдураҳмонова М. ба ҷуз миннатдорӣ ба дастандаркорони лоиҳа барои кумак ва таълими хонандагон, инчунин ба ҳамкории пурсамари минбаъда изҳори умедворӣ кард. Ӯ миннатдории худро бахусус барои дастурамалу китобҳо, ки дар кори минбаъда оид ба таъмини бехатарӣ ва баланд бардоштани сатҳи дониши хонандагон дар ин самт хеле заруранд, изҳор намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста