Имсол моҳи шарифи Рамазон 29 рӯз муайян шуда, иди Фитр дар Тоҷикистон 20-юми март таҷлил мегардад. Дар ин бора аз Кумитаи дин ва танзими ҷашну маросим ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, имрӯз Шӯрои уламои кишвар ҷаласа баргузор карда, ба чунин натиҷа расидаанд.
Бар асоси қарори Шӯрои уламо, намози иди Рамазон дар тамоми масоҷиди Тоҷикистон соати 7:30-и рӯзи 20-юми март хонда мешавад.
Дар ҷаласа аз имомхатибон талаб кардаанд, ки дар бораи расонидани ёрии моддӣ ба муҳтоҷону ниёзмандон, инчунин пешгирии исрофкориҳо дар рӯзҳои ид ва сарфаю сариштакорӣ мардум мавъиза хонанд.
Инчунин, ба тамоми имомхатибон супориш шудааст, ки матни табрикотии Шӯрои уламоро ба самъи мардум расонанд.
Бояд гуфт, ки чанд сол боз дар Тоҷикистон моҳи Рамазон 29 рӯз шуморида мешавад. Аз ҷумла, соли гузашта ҳам ин моҳ 29 рӯз шуда буд.
Хайру садақоти марбут ба Рамазон
Тибқи қарори Шӯрои уламо, дар соли 2026 маблағи фитри рӯза ва фидяи савм нисбат ба соли гузашта кам шудааст, аммо нисоби закот афзоиш ёфтааст.
Фитри рӯза: Имсол ҳар як кас бояд 7 сомонӣ фитри рӯза пардохт кунад, ки нисбат ба соли 2025 (8 сомонӣ) як сомонӣ кам шудааст. Бояд ин садақа давоми моҳи шарифи Рамазон то пеш аз намози иди Фитр пардохт шавад.
Нисоби закот: Агар шахс 64 ҳазор сомонӣ ё зиёдтар дошта бошад, бояд 1 ҳазору 600 сомонӣ закот диҳад. Дар соли гузашта ин нишондиҳанда 36 ҳазору 900 сомонӣ буд ва маблағи закот 880 сомонӣ ташкил медод. Имсол ҳам нисоб ва ҳам маблағи закот қариб ду баробар афзоиш ёфтааст.
Муҳимтарин нукот дар бораи закотро дар ин матлаби мо хонед.
Фидяи савм: Барои онҳое, ки ба сабабҳои шаръӣ рӯза намегиранд, фидяи савм дар соли 2026 барои 30 рӯз 420 сомонӣ (14 сомонӣ барои як рӯз) муқаррар карда шудааст. Соли 2025 ин рақам 480 сомонӣ (16 сомонӣ барои як рӯз) буд.
Шӯрои уламо мегӯяд, ки ба ниёзмандон садақа диҳед
Дар матни таҳниятии Шӯрои уламо, ки дастраси “Азия-Плюс” шуд, гуфта мешавад, ки вақте асҳоби Пайғамбар (с) дар рӯзи ид ба дидори ҳам мерасиданд, ба якдигар мегуфтанд: “Тақаббалаллоҳу минно ва минкум”, яъне Худованд аз мову шумо қабул фармояд.
Яке аз суннатҳои рӯзи ид, чуноне Шӯрои уламо мегӯяд, ба таъхир андохтани намози ид мебошад, то ин ки қабл аз намоз садақаи фитр ба дасти фақирону ниёзмандон расида, ба хонаводаи онҳо ёриву дастгирӣ шавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи иди Рамазон сокинон дастархон меороянд ва ба хонаҳои якдигар барои табрик мераванд. Вале соли 2024 идгардаки кӯдакон дар рӯзҳои иди Рамазон ва Қурбон расман манъ карда шуда, кӯдакон ҳақ доранд бо волидон ва шахсони калонсол ба идгардак раванд.
Дар Telegram, Facebook ва Instagram бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста