Дар рӯзҳои таҷлили ҷашни Наврӯз бархе бозорҳо дар шаҳри Душанбе аз як то чаҳор рӯз кор намекунанд. Дар ин бора аз Раёсати рушди иқтисод, савдо ва мониторинги шаҳри Душанбе ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Аз ҷумла, бозори “Корвон”,“Корвон-плюс” ва “Корвон-ситӣ” рӯзҳои 21, 22, 23 ва 24-уми март кор намекунанд. Ин бозорҳо шуруъ аз 25-уми март ба кор оғоз мекунанд.
Аз ин ниҳод гуфтанд, чун 20-уми март рӯзи Иди Фитр аст, ҳамаи бозорҳо дар ин рӯз кор намекунанд. Чанде аз бозорҳои калони пойтахт аз ҷумла, бозорҳои “Деҳқон”, “Саховат” ва “Сафариён” дар рӯзҳои таҷлили иди Наврӯз кор хоҳанд кард.
Рӯйхати ин бозорҳоро дар баргаҳои мо бубинед:
Бояд гуфт, сокинони Тоҷикистон дар ҷашни Наврӯз ва иди Рамазон аз 20 то 29-уми март истироҳат хоҳанд кард. Ҳамин тариқ аз 30-юми март рӯзи корӣ эълон шудааст.
Дар ҷашни Наврӯз хонандагони мактабҳо 10 рӯз ва донишҷӯён 6 рӯз пайиҳам истироҳат мекунанд.
Имсол дар Тоҷикистон Наврӯз 20-уми март, соати 19:45:53 ба вақти Душанбе фаро мерасад. Чорабинии асосии ҷашни Наврӯз дар сатҳи ҷумҳурӣ дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад. Ҷашн дар “Наврӯзгоҳ”, соати 19:00 бо баргузории барномаҳои фарҳангӣ-фароғатӣ таҷлил мегардад.
Ба ин муносибат боз кадом чорабиниҳо баргузор мегардад? Дар ин пайванд мутолиа кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста