Раисҷумҳури Русия Созишнома дар бораи гузаштани шаҳрвандони Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ дар кишвари худ то ворид шудан ба Русияро имзо кард ва он дар махзани расмии иттилооти ҳуқуқии ин кишвар нашр шуд.
Дар бораи анҷоми расмиёти тасвиби ин ҳуҷҷат дар Русия хабаргузории ТАСС хабар додааст.
Ин созишнома рӯзи 9-уми октябри соли 2025 дар доираи сафари давлатии Владимир Путин, президенти Русия ба Тоҷикистон байни вазоратҳои тандурустии ду кишвар ба имзо расида буд. Он ба шаҳрвандони Тоҷикистон, ки барои кор ба Русия мераванд, иҷозат медиҳад, ки дар Тоҷикистон аз ташхиси тиббӣ гузаранд ва санадҳои зарурии пизишкиро ҳаминҷо бигиранд. Ҳоло муҳоҷирони тоҷик муоинаи тиббиро танҳо дар Русия мегузаранд. Гузаштан аз ташхиси тиббӣ яке аз талабот барои гирифтани иҷозатномаи кор (патент) дар Русия аст.
Аммо таъкид мешавад, ки ташхиси тиббӣ дар ниҳоди ваколатдори Вазорати тандурустии Русия дар Тоҷикистон ва бо пардохти музд анҷом дода шавад. Танҳо пас аз ин, ин ниҳоди ваколатдор шаҳодатномаи эътирофшуда дар Русияро медиҳад. Шаҳодатнома бо забони русӣ таҳия ва нигоҳдорӣ мешавад.
Ҳоло дар Тоҷикистон ягон муассисаи тиббии ваколатдори Вазорати тандурустии Русия фаъолият надорад, аммо мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ки он дар яке аз муассисаҳои тиббии кишвар таъсис дода мешавад.
Пештар аз ин парлумони Тоҷикистон низ ин созишномаро ба тасвиб расонида буд.
Нархи ташхиси тиббӣ чанд аст?
Саломуддин Юсуфӣ, муовини аввали вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон зимни муаррифии созишнома дар ҷаласаи парлумон гуфт, дар сурати қабули созишномаи мазкур, шаҳрвандони кишвар метавонанд муоинаи тиббиро дар ҳудуди Тоҷикистон бо пардохти 240 сомонӣ (бахши хусусӣ - 300 сомонӣ) “дар муассисаҳои интихобшуда” гузаранд.


Ба иттилои Юсуфӣ, ин хидматрасонӣ дар ҳудуди Русия аз 8 то 10 ҳазор рубл (тақрибан 960-1200 сомонӣ ба ҳисоби имрӯз) арзиш дорад.
“Агар шаҳрванди Тоҷикистон бидуни пешниҳоди маълумот дар бораи вазъи саломатиаш ва мусофирати муваққатӣ ба Русия мубталои бемории ВНМО ё сил пас аз муоинаи тиббӣ ошкор шавад, дар бисёр маврид онҳо табъид (депортатсия) мешаванд”, - гуфт муовини вазир.
Ба қавли ӯ, яке аз далоили қабули созишномаи мазкур низ пешгирии саривақтӣ аз чунин ҳолатҳо буда, лоиҳаи созишнома бо ниҳодҳои дахлдори Тоҷикистон, аз ҷумла, вазоратҳои адлия, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, меҳнат ва муҳоҷират, Оҷонсии зиддифасод, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, Кумитаи андоз, Хадамоти гумрук мувофиқа шудааст.
Бояд зикр кард, ки қаблан, муҳоҷирон дар Русия аз муоинаи тиббӣ мегузаштанд, ки сарсонии зиёд, хароҷоти зиёди молиявӣ дар пай дошт ва теъдоде бо баҳонаи мубталои бемориҳои сироятӣ аз ин кишвар бозпас гардонида мешуданд.
Мақомоти ҳарду кишвар изҳор мекунанд, ки ин санад “ҷиҳати танзиму тартиби раванди муҳоҷирати корӣ, баланд бардоштани шаффофияти расмиёт ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи шуғл равона шудааст”.
Қобили зикр аст, ки мақомоти Русия тайи ду соли ахир пайгирона сиёсати муҳоҷиратро шадид карда, барои кормандони хориҷӣ ҳарчи бештар талабот ва маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мекунанд.
Аз ҷумла, барои қонуншиканҳо руйхати шахсони таҳти назорат таҳия шуда, талабот дар бораи огоҳиномаи электронӣ пеш аз сафар ҷорӣ шуд. Дар бисёре аз минтақаҳои Русия арзиши "патент" ба таври назаррас боло рафта, шумори соҳаҳое, ки дар онҳо кор ба муҳоҷирон иҷоза шудааст, кам шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста