Душанбе. 5-уми июл. «Азия-Плюс» — | Ҷузъиёти нахустини ҳодисаи ғоратгарӣ бо иштироки шаҳрвандони Тоҷикистон дар шаҳри Маскав маълум шуд.
«Ба гумони даст доштан дар ғоратгарӣ 19 нафар боздошт шуданд, ки 17 нафарашон шаҳрвандони Тоҷикистон, як нафар шаҳрванди Озарбойҷон ва як нафар шаҳрванди Русия мебошанд», - хабар дод ба ОИ «Азия-Плюс» як манбаъ аз мақомоти ҳифзи ҳуқуқи пойтахти Русия.
«Рӯзи якшанбеи ҳафтаи гузашта як гурӯҳи ғоратгарон ба анбори воқеъ дар қисмати ҷанубу шарқии шаҳри Маскав ворид гардида, бо таҳдиди яроқ посбонони анборро мебанданд ва сипас кӯшиш мекунанд, ки маҳсулоти мавҷуда дар анборро ғорат намоянд, вале кормандони пулис ба ҷойи ҳодиса ҳозир шуда, онҳоро дастгир мекунанд», - гуфт манбаъ.
Ба иттилои сарчашма, аз боздоштшудагон норинҷаки худсохт, таппончаи «Оса», се тир ва 1,52 грамм героин мусодира шудааст.
Айни замон аз рӯйи ин далел мутобиқи моддаи 162, қ. 4-и Кодекс ҷиноии Русия («Ғоратгарӣ») парвандаи ҷиноӣ боз шуда, ҳадди ниҳоии ҷазо дар ин модда то 15 сол пешбинӣ шудааст.
Ғайр аз ин, мақомоти тафтишот даст доштани ин гурӯҳро дар содир намудани ҷиноёти ба ин монанд таҳқиқ мекунанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста