Душанбе. 6-уми июл. «Азия-Плюс» — | Дар «Гузориши вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоии ҷаҳон дар соли 2011», ки ба вакилони иҷлосияи Шӯрои Иқтисодӣ ва Иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева пешниҳод гардид, зикр мегардад, ки ба инсоният инқилоби бузурги техникии «сабз» зарур аст, то ки аз оқибатҳои фалокатбори тағйирёбии иқлим ва таназзули экологӣ эмин бимонад.
Муаллифони таҳқиқот навиштаанд, бидуни табаддулоти қотеъона дар техникаи монанд ба инқилоби аввали саноатӣ, бартараф сохтани қашшоқиву гуруснагӣ дар ҷаҳон муяссар нахоҳад шуд. Коршиносон ба сармоягузории бузург ба технологияҳои экологии тозаи энергетикӣ, истифодаи тарзҳои устувори фаъолият дар бахши кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал, ташкили зербинои ба иқлим тобовар даъват мекунанд.
Бино ба маълумоти Маркази иттилооти СММ, зимни пешниҳоди гузориш хотиррасон шудааст, ки соли 2050 аҳолии сайёра 2 млрд. нафар бештар мегардад ва ба онҳо дастрасӣ ба энергия ва ғизо зарур аст. «Аз ин рӯ, ба таҳия ва истифодаи технологияҳои энергетикии дорои хусусияти устувор мебояд суръат бахшид», - омадааст дар гузориш.
Ин ҷо сухан сари ба роҳ мондани истеҳсоли автомобилҳои аз ҷиҳати энегетикӣ пурсамар, компютерҳо, таҷҳизоти гармидеҳ ва ғайра меравад, ки дар онҳо аз энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза истифода хоҳад шуд. «Бо назардошти суръати тағйирёбии иқлим, барои расидан ба ин ҳадафҳо се ё чор даҳсола мӯҳлат мондааст», - гуфта мешавад дар гузориш.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста