Собиқ нахуствазири Украина Юлия Тимошенко ба 7 соли зиндон маҳкум гардид.
Бино ба иттилои хабаргузории РИА «Новости», ҳамчунин додгоҳ ӯро ба пардохти хисорот ба «Нафтогаз Украина» муваззаф сохтааст, вале Юлия Тимошенко изҳор кардааст, ки бо ҳукми додгоҳ розӣ нест.
Додгоҳи Печери шаҳри Киев ӯро ба баромадан аз ҳадди ваколат гунаҳкор донист. Зимни қироати матн додрас изҳор доштааст, ки Тимошенко ба Украина дар ҳаҷми 1,5 млрд. гривен (188 млн. доллари ИМА) зарарӣ молӣ расонидааст.
Дар ҳамин ҳол, вакилони ҷонибдори Тимошенко кӯшиш доранд, ки садди кормандони мақомоти қудратиро рахна сохта, ба бинои додгоҳ ворид шаванд. Қаблан додрас Родион Киреев дар рӯзи қироати ҳукмнома танҳо ба журналистон иҷозаи вуруд ба толори додгоҳро дода буд. Аммо ҳудуди 1 ҳазор нафар вакилони ҷонибдори Тимошенко ин қарорро ғайриқонунӣ унвон карда, ҳаракати нақлиёт дар роҳро бастанд ва баҳри изҳори эътироз назди бинои додгоҳи ноҳиявии Печер ҷамъ омадаанд.
Нахуствазири собиқи Украина Юлия Тимошенко дар баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ҳангоми дар соли 2009 ба имзо расонидани созишнома миёни ширкатҳои «Газпром»-и Русия ва «Нафтогаз Украина» дар бораи интиқоли газ ба Украина гунаҳкор дониста шуд.
Қобили зикр аст, ки Радаи Олии Украина ворид сохтани чор тағйирот ба Кодекси ҷиноии Украинаро, ки ба собиқ нахуствазир имкони раҳоӣ ёфтан аз масъулият оид ба ин масъаларо фароҳам месохт, рад сохт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста