Шумори ҳалокшудагон бар асари заминларзаи мудҳиш, ки дар қисмати ҷанубу шарқии Туркия, дар музофоти Ван рух дод, метавонад ҳудуди ҳазор нафарро ташкил диҳад, - хабар додааст дар нишасти хабарӣ роҳбари обсерваторияи зилзиласанҷии донишгоҳи Босфор Мустафо Эрдик.
Хабаргузории РИА «Новости» менависад, қувваи заинларза ба 7,2 балл баробар будааст.
Вазири тандурустии Туркия Реҷеб Акдаг гуфтааст, хисороти заминларза бузург буда, дар бораи ҳалокшудагну ҷабрдидагон ҳанӯз маълумоти саҳеҳе дар даст надорад.
Номбурда ҳамчунин зикр кардааст, ки ба макони оафтзада ду ҳавопаймо бо кӯмаки башардӯстона фиристода мешаванд. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти мавҷуда то ин дам, шумори ҳалокшудагон 300 тан ва ҷабридагон якчанд ҳазор нафар нишон дода мешавад.
Роҳбари обсерваторияи зилзиласанҷии донишгоҳи Босфор Мустафо Эрдик қаблан изҳор карда буд, ки заминларза 50 манзилҳои истиқоматиро пурра хароб сохта, ба ҳудуди 1 ҳазор бинову иншоот зарари ҷиддӣ расонидааст.
Муовини нахуствазири Туркия Бешир Аталай ба рӯзноманигорон хабар дод, ки дар шаҳри Ван даҳ манзили зист хароб гардида, дар маркази заминларза - музофоти Эрҷиш 25 манзили зист ва хобгоҳи мактаб осеб дидаанд.
Масофаи шаҳри Ван аз маркази заминларза 20 километрро ташкил медиҳад. Коршинсони маҳаллӣ пешбинӣ мекунанд, ки шумори ҳалокшудагон бар асари ин офати табиӣ метавонад аз 500 то ҳазор нафарро ташкил диҳад.
Васоити ахбори умуми маҳаллӣ хотирнишон месозанд, ки соли 1976 низ дар шаҳри Ван ба ин монанд заминларза рух дода, бар асари он 3840 нафар ҳалок шуда буданд.
Шаҳри Ван дар минтақаи ҷанубу шарқии Туркия, дар наздикии марз бо Эрон воқеъ буда, аҳолиаш ҳудуди 320 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста