Конфронси генералии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) ба эътирофи Фаластин ҳамчун кишвари узви Созмон раъй дод.
Тавре Марказии иттилооти СММ хабар медиҳад, ба ҷонибдории ин қарор 107 кишвар ва муқобил 14 давлат овоз дода, 52 кишвар аз раъйдиҳӣ худдорӣ варзидаанд.
Миёни кишварҳое, ки дархости Фаластинро ба узвият дар созмони мазкур ҷонибдорӣ кардаанд, кишварҳое чун Русия, Фаронса, Норвегия, Люксембург, Испания, Юнон, Финландия, Туркия ва ғайра ҳузур доранд.
Давлатҳои Шветсия, Чехия, Олмон, Австралия, Канада, ИМА, Исроил ва ғайра муқобили ин қарор овоз додаанд.
Акнун барои ҳукми қонунӣ гирифтани узвияти давлати Фаластин дар ЮНЕСКО имзо ва тасдиқи Оинномаи ЮНЕСКО аз ҷониби Фаластин зарур аст. Оиннома дар бойгонии Британияи Кабир дар Лондон маҳфуз аст.
Ҳамин тариқ, пас аз қарори қабули Фаластин ба ҳайати ЮНЕСКО, шумори кишварҳои узви созмон то 195 адад расид.
Дар ҳамин ҳол, ОИ «Русская служба новостей» менависад, пас аз узви комилҳуқуқи ЮНСКО гардидани Фаластин, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико маблағгузорӣ ба ин созмонро қатъ месозанд. Дар ин бора намояндаи расмии Департаменти давлатии ИМА Виктория Нуланд иттилоъ дода, зикр кардааст, ки ин тасмими СММ ба ҳадафҳои умумии ноил гардидан ба сулҳ дар Шарқи Наздик монеъа эҷод месозад.
То ахири моҳи ноябри соли равон ИМА ният дошт, ки ба фонди ЮНЕСКО 60 млн. доллари ИМА маблағ интиқол диҳад. Маблағҳои ҳаққи аъзогии ИМА аз панҷ як ҳиссаи буҷети созмонро ташкил медиҳанд.
Ёдрас мекунем, ки ИМА ва Исроил муқобили узвияти давлати Фаластин ба ЮНЕСКО буданд.
Дабири кулли СММ Пан Ги Мун зимни шарҳи тасмими мазкур гуфтааст, бо қабули чунин қарор дар масъалаи маблағгузории созмон мушкилот пеш хоҳанд омад, «вале ин қарори кишварҳои узви созмон аст ва ман ҳамчун дабири кулл бояд таваҷҷӯҳи аъзои СММ-ро ба ин масъала ҷалб созам».
Маъмурияти миллии Фаластин аз қабули қарор дар бораи узвияти комилҳуқуқи кишвар ба ЮНЕСКО изҳори хушунудӣ карда, онро гувоҳи ҳусни тафоҳум ва маъқул шуморидани сиёсати Фаластин дар ҷомеаи ҷаҳонӣ маънидод кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон аз фориғболиву бемасъулиятии роҳбарони муассисаҳо, роҳбарони илмӣ ва докторантҳо гуфт
КОА беасос будани фошкориҳои “Диссернет”-ро собит накард. Интиқоди дубора ва шадиди Эмомалӣ Раҳмон аз асардуздии олимони тоҷик
Боз як ширкати Чин дар МОИ “Панҷ” неругоҳи барқи офтобӣ месозад
Таҳқиқи суқути чархболи Иброҳим Раисӣ. Мақомоти Эрон гузориши дуввуми худро нашр карданд
Чанд нафар ҷудокорони тоҷик ба Олимпиадаи Париж мераванд?
Дар семоҳаи аввали соли 2024 ҳудуди 22 ҳазор хориҷиён аз Русия хориҷ шуданд
Эъдоми қариб 1200 кас дар 16 кишвари ҷаҳон
Дар як кӯчаи Душанбе ҳаракати нақлиёт барои се моҳ маҳдуд мешавад
Баъди танқиди раиси Бохтар ду масъули маркази дилхушӣ 5 шабонарӯз ҳабс шуданд
Бо ипотека дар Тоҷикистон метавон соҳиби хона шуд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста