Олмон, Нидерланд ва Фаронса сафирҳои хешро аз Эрон бозхонд мекунанд. Вазоратҳои корҳои хориҷии ин кишварҳо тасмими худро ба як гуна шарҳ медиҳанд: пас аз ҳамла ба сафорати Британия дар Теҳрон рӯзи 29-уми ноябр ба чунин хулоса расидаанд.
ИТАР-ТАСС менависад, дар Париж тасдиқ кардаанд, ки рӯйдоди мазкур дар пойтахти Эрон дар машварати вазирони корҳои хориҷии Иттиҳоди Аврупо, ки имрӯз дар Брюссел доир мегардад, мавриди баррасӣ қарор хоҳад гирифт.
Дар ҳамин ҳол, бино ба маълумоти РИА «Новости» Британияи Кабир ҳайати дипломатии худро пурра аз Эрон кӯчонид.
Вазири корҳои хориҷии Британияи Кабир Уилям Хейг изҳор кардааст, ки ҳамаи дипломатҳои Эрон дар муддати 48 соат аз қаламрави кишвараш хориҷ карда мешаванд.
Ба қавли Уилям Хейг, Британия Кабир муносибатҳои дипломатиро бо Эрон пурра қатъ намесозад, аммо онро то сатҳи ниҳоӣ поин хоҳад кард.
«Мо эрониёнро дар бораи талаби фавран қатъ кардани фаъолияти сафоратхонаи Эрон дар Лондон огаҳ кардем, тамоми кормандони намояндагии диломатӣ бояд дар мӯҳлати 48 соат қаламрави Шоҳигарии Муттаҳидаро тарк созанд, - менависад Reuters бо истинод ба суханони Уилям Хейг. – Мо аллакай фаъолияти намояндагии худро дар Теҳрон қатъ сохтем ва тасмим гирифтем, ки тамоми ҳайати шахсии сафоратро аз он ҷо кӯчонем».
Дар ҳамин ҳол, шабакаи телевизионии NHK хабар додаааст, ки ҳукумати Ҷопон бинобар аз ҷониби Эрон дар сатҳи зарурӣ таъмин карда натавонистани амнияти кормандон ва амволи сафоратхонаҳои хориҷӣ, имкони ҷорӣ сохтани таҳримҳои иловагӣ нисбат ба Эронро баррасӣ мекунад.
Тибқи иттилои ИТАР-ТАСС, дар навбати худ, Эрон низ изҳор кардааст, ки «дар посух ба истирдоди дипломатҳои худ аз Британияи Кабир тадбирҳои дахлдор хоҳад андешид».
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 29-уми ноябр ҳудуди 150 ҳазор нафар шаҳрвандон ба нишони эътироз нисбат ба ҷорӣ сохтани таҳримҳои нав нисбат ба Эрон аз ҷониби Британияи Кабир ба сафоратхонаи Британия дар Теҳрон ҳамла карда, тирезаҳои бинои сафоратхонаро шикастанд ва парчами Британияро оташ заданд. Эътирозгарон ҳамчунин вориди бинои дигари намояндагии дипломатӣ шуда, аз он ҷо ҳуҷҷатҳои махфиро бо худ бурданд.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати Эрон аз Британияи Кабир барои ҳамла ба бинои сафоратхонаи ин кишвар дар Теҳрон узр пурсида, изҳор кард, ки аз ин рӯйдод изҳори тааассуф мекунад. Аммо Британияи Кабир узри Эронро напазируфт.




Таъмиру навсозии агрегатҳои НБО “Қайроққум” пурра ба охир расидааст
Роҳбари Театри миллӣ муайян шуд. Манучеҳр Шарифзода кист ва Театри миллӣ чӣ вазифа дорад?
То $15 ҳазор гаравпулӣ. Шарти нави ИМА аз тоҷикистониҳо барои дарёфти “виза”-и Амрико
“Бо "селофан" буғӣ кардааст”. Як зан дар Хуросон барои куштори духтари сесолааш 18 сол равонаи зиндон шуд
Ба оилаи ду афсари зимни задухӯрд дар марз бо Афғонистон кушташуда хона доданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
“Бо Эмомалӣ Раҳмон дар як ҳуҷра 10 соат баҳси тунд доштем”. Содир Жапаров баъзе ҷузъиёти ҳалли баҳси марзӣ бо Тоҷикистонро ошкор кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 январи соли 2026
Сабикаҳои тиллои Бонки миллии Тоҷикистон дар соли 2025 қариб 40% гарон шуданд
Теъдоди донишҷӯёни тоҷикистонӣ дар Ӯзбекистон дар соли 2025-ум 2 баробар зиёд шудааст
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста