Рӯзи 16-уми сентябр Украина ва Иттиҳоди Аврупо (ИА) созишнома дар бораи ҳамгиройиро ба тасвиб расониданд. Дар матни Созишномаи ҳамгиройӣ ҳеҷ тағйироте ворид нашуд.
Дар шарҳи рӯйдоди мазкур сафири Украина дар Тоҷикистон Виктор Никитюк ба «Азия-Плюс» изҳор намуд, ки Украина кишвари содиқ ба ҳамгиройии аврупоӣ боқӣ монда, тасвиби ин созишнома тавлиди кишвари нави аврупоӣ аст ва баъди ин узвияти Украина ба ҳайати Иттиҳоди Аврупо сурат мегирад.
Ба андешаи ӯ, ин рӯз барои Украина рӯзи таърихист. «Тасвиби созишнома бо ИА хайрбод бо Украинаи пасошӯравӣ буда, ба туфайли истодагарӣ дар мавқеи ҷонибдории Аврупо тайи моҳҳои ахир, мо собит кардем, ки ҳукумати Украина ба ҳар як муқаррароти Созишнома содиқ буда, ба ҳимояти он аз нияти бад аз ҳама гуна ҷониб қодир аст», - иброз дошт сафир.
Никитюк таъкид дошт, ки ислоҳоти аврупоии дар Созишнома пешбинишуда афзалияти рақами 1-и раҳбарияти Украина аст. «Пас аз тасвиб ҳеҷ кадоме аз нерӯҳои дохилӣ ва хориҷӣ ба сиёсати пешгирифтаи аврупоии Украина ҷиҳати ҷорисозии ислоҳот таъсир расонида наметавонанд», - мутмаин аст ӯ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста