Сарвазири Канада Стивен Харпер дар робита ба ҳамлаи террористӣ ба Исмоилиҳо дар Карочии Покистон, ки бар асари он теъдоди зиёде кушта ва чандин тани дигар захмӣ гардиданд, баёния содир намуда дар он ҳамлаи ноҷавонмардонаи терористӣ ба автобуси ҳомили мусалмонони шиаи исмоилӣ дар Карочиро маҳкум намуд.
«Ин махсусан хеле даҳшатовар аст, ки афроди мусаллаҳ бидуни ҳеҷ мулоҳиза оташ кушоданд ва теъдоди зиёде аз исмоилиҳоро новобаста аз мансубияти ҷинсӣ ва синну солашон куштанд. Ин амали таҳқиромез бар зидди касонест, ки ба озодии мазҳаб эҳтиром мегузоранд. Мо аз ҳукумати Покистон даъват мекунем, ки ҷинояткоронро ба ҷавобгарӣ кашида, ҳифозати аққалиятҳои мазҳабӣ дар кишварро таъмин намуда, озодии динии онҳоро кафолат диҳад», - омадааст дар баёния.
Дар баёния сарвазир аз номи кулли канадагиҳо ва худаш ба ҳамаи хонаводаҳо ва наздикони онҳо, ки дар ин ҳамлаи маргбор кушта шудаанд, ҳамдардии амиқи худро баён карда, хостори ҳарчи худтар шифо ёфтани ҳамаи ҷароҳатбардоштагон аст.
«Ман бо Волоҳазрат Оғохон тӯли солҳои зиёд ҳамкорӣ дорам ва аз табиати сулҳхоҳонаи ҷамоати шиаъи исмоилӣ дар Канада ва кулли ҷаҳон аз наздик бохабар ҳастам. Мо ҳама якҷоя бо Волоҳазрат ва кулли имомати шиаъи исмоилӣ, ки пайваста тарафдори сулҳ, гуногунандешӣ ва озодии дин мебошанд сахт андуҳгин мебошем!, - қайд мешавад дар фарҷоми баёния.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста