Бар асари сурат гирифтани амали террористӣ нисбати прокурори генералии Миср Ҳошим Баракат дар шаҳри Қоҳира, ӯ аз ҷароҳатҳои бардошта ба ҳалокат расид. Дар ин бора нашрияи «Ал-Аҳром» бо истинод ба як манбаъ аз госпитале, ки прокурори генералӣ дар он бистарӣ шуда буд, хабар медиҳад.
Нашрияи ВЕДОМОСТИ дар ин робита менависад, қаблан намояндаи расмии Вазорати тандурустии Миср изҳор доштааст, ки дар натиҷаи инфиҷори автомашинааш дар пойтахт, прокурори генералии кишвар ҷароҳатҳои начандон зиёд бардоштааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии шабакаи телевизиони «Ҷаҳоннамо» дар мавриди ин ҳодиса, террористон ҳангоми гузашти қатори автомашинаҳои ҳомили прокурор таҷҳизоти таркандаро тавассути дастгоҳи идоракунандаи фосилавӣ инфиҷор додаанд. Прокурор бо ҳайати ҳамроҳонаш бо мақсади боздид аз факултаи ҳарбӣ ба минтақаи Гелиополис раҳсипор будааст. ба воситаҳои нақлиёт низ хисорот расидааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста