Шабакаи телевизионии Fox News бо такя ба гуфтаҳои ёвари вазири молияи ИМА оид ба масоили мубориза бо маблағгузорӣ ба терроризм Дэниэл Глейзер иттилоъ медиҳад , ки Гурӯҳи ифротгарои «Давлати исломӣ» (ДИ) ҳар моҳ аз фурӯши нафт 40 млн. доллари ИМА даромад мегирад.
Нашрияи ВЕДОМОСТИ , дар ин робита менависад, ин даромад ба «Давлати исломӣ» имкон медиҳад, ки барои хизматҳо ба ҷангиёни худ ҳар моҳ 1000 доллари ИМА маблағ пардохт кунад.
Ин маълумотро Вашинтон дар натиҷаи роҳандозии амалиёти нобудсозии яке аз пешвоёни Давлати исломӣ Абӯ Сайёф, ки истихроҷи нафт дар шарқи Сурияро таҳти назорат дошта, аз маълумоти молиявии гурӯҳ огаҳӣ доштааст, ба даст овардааст.
Вазъи молиявии Давлати исломӣ баъди ғасби Мосул моҳи июни соли 2014 афзуд, ки ин шаҳри дуюми бузургтарини Ироқ буда, дар музофоти аз нафт ғанӣ дар шимоли кишвар воқеъ аст. Дар натиҷаи ишғоли ин шаҳр ифротгароён аз 500 млн. то 1 млрд. доллари ИМА, ки дар бонкҳои аз ҷониби онҳо тасарруфшуда нигоҳ дошта мешуданд, даромад ба даст оварданд .
Гуфта мешавад, моҳи январи соли 2014 вазири мудофиаи ИМА Чак Хейгел даромади солонаи Давлати исломӣ аз фурӯши нафт ва ҳамчунин андозу боҷҳоро 800 млн. доллари ИМА арзёбӣ карда буд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста