Шӯрои амнияти СММ ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ҳумс ва Димишқи Сурияро маҳкум карда, даъват намуд, ки масъулони онҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Бино ба иттилои АМИТ «Ховар» , ҳамчунин дар изҳороти аъзои Шӯрои амният, азсаргирии ҳарчи зудтари музокироти сулҳомези Сурия гуфта шудааст.
«Аъзои Шӯрои амният ҳамлаҳои террористӣ ба шаҳрҳои Ҳумс ва Димишқро, ки масъулияти онҳоро гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ» бар уҳда гирифт, қотеъона маҳкум карданд», — зикр шудааст дар изҳорот.
Бино ба маълумоти охир, бар асари ин ҳамлаҳои террористӣ 166 нафар ҳалок гардида, садҳо каси дигар ҷароҳат бардоштанд.
Аъзои Шӯрои амният ба пайвандони қурбониён ва мардуми Сурия изҳори тасаллият карда, иброз доштанд, ки масъулони ин ҳамлаҳо ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.
Шӯрои амнияти СММ бори дигар изҳори нигаронӣ намуд, ки фаъолияти ҷангиёни хориҷии ба гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва «Ал-Қоида» ҳамроҳшуда ҳанӯз ҳам дар Сурия идома дорад.
Шӯрои амният ҳамчунин ба азсаргирии ҳарчи зудтари музокироти ҷонибҳо дар доираи СММ ва ҳалли фаврии расонидани кумаки башардӯстона ба ҳамаи муҳтоҷон, алалхусус ба минтақаҳои дастнорас даъват кард.
Ёдрас мешавад, ки тибқи қатъномаи 2254-и Шӯрои амнияти СММ музокирот миёни ҳукумати Сурия ва намояндагони мухолифони ин кишвар дар Женева рӯзи 29-уми январ оғоз гардид. Намояндаи вижаи СММ оид ба Сурия рӯзи 3-юми феврал изҳор дошт, ки дар музокироти сулҳомези Сурия дар Женева муваққатан танаффус эълон шуда, даври нави он 25-уми феврал ба нақша гирифта шудааст.
«Аъзои Шӯрои амнияти СММ бори дигар риояи пурраи соҳибихтиёрӣ, истиқлолият, тамомияти арзӣ ва ваҳдати Сурияро тасдиқ намуданд» — омадааст дар изҳороти Шӯрои амният.
Тибқи изҳороти муштараки ИМА ва Русия оид ба Сурия, оташбас миёни неруҳои давлати Сурия ва гурӯҳҳои мусаллаҳи мухолиф бояд аз 27-уми феврал оғоз гардад. Аз ин оташбас гурӯҳи террористии ба ном «Давлати исломӣ», «Ҷабҳат ан-Нусра» ва воҳидҳои дигари аз ҷониби СММ террористӣ эътирофшуда истисно мебошанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста