Тибқи ҳисобҳои муқаддамотӣ дар шумориши раъйҳо тими ислоҳталабон дар интихоботи Эрон аз тими усулгарон пешсафанд.
Бино ба иттилои хабаргузории TojNews , рӯзи якшанбе комиссиюни интихоботи Эрон эълон кард, ки 90 дарсади орои мардум дар Теҳрон шумурда шуд. Дар пойтахти Эрон ислоҳталабон аз 30 курсӣ 29 курсиро дар маҷлис ба даст оварданд.
Аз миёни усулгароён Ғуломалӣ Ҳаддоди Одил, як тан аз боризтарин чеҳраҳои сиёсӣ дар ин раддабандӣ дар мақоми 31 қарор гирифтааст ва ба маҷлис роҳ наёфт. Ҳоло усулгароён аз ҳавзаи Теҳрон танҳо ба як курсӣ чашми умед дӯхтаанд.
Шумориши овозҳо идома дорад ва аз аввалин рӯзи анҷоми интихобот аз пирӯзии бесобиқаи ислоҳгароён, тими президенти кунунӣ ва эътилофи ӯ хабар дода мешавад.
Ҳамзамон Ситоди интихоботии вазорати кишвари Эрон тозатарин раддабандии натоиҷи интихоботи Хубрагон дар Теҳронро эълон намуд. Бар асоси ин хабар оятуллоҳи Ҷаннатӣ-Дабири шӯрои нигаҳбон дар интиҳои ин раддабандӣ қарор гирифтааст. Дар интихоботи Хубрагон аз ҳавзаи Теҳрон Али Акбар Ҳошимии Равсанҷонӣ пешсаф аст. Вале райиси кунунии маҷлиси хубрагон Оятуллоҳ Яздӣ, Муҳаммад Тақии Мисбоҳи Яздӣ аз феҳристи ёздаҳнафараи Теҳрон хориҷ шуданд.
Вазорати кишвари Эрон хабар додааст, ки 60 дарсади аҳолии қобили раъй (35 миллион нафар) дар интихобот иштирок кардаанд. Онҳо барои интихоби 290 намояндаи Маҷлис ва 88 узви Хубрагони раҳбарӣ овоз доданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста