Пан Ги Мун, дабири кулли СММ зимни суханрониаш дар Маҷмааи умумии ин созмон гуфтааст, ки бештари раҳбарони сиёсии кишварҳои ҷаҳон манофеи шаҳрвандони худро пушти пой кардаанд.
Бино ба маълумоти Хадамоти иттилооти Осиёи Марказӣ, вай изҳор доштааст, ки раҳбарони бештари кишварҳо барои сари қудрат мондан ба тағйири Қонуни асосӣ, сохтакорӣ дар раванди интихобот ва чораҳои дигари ноумедкунанда даст мезананд, вале бояд бидонанд, ки ин мансаби онҳо моликияти шахсиашон нест.
"Он изҳори боварӣ аз ҷониби шаҳрвандон аст. Ошкоро мегӯям, ки шумо бояд ба мардуматон хизмат кунед ва аз коҳиши демократияву дуздии захираҳои табии кишвари худ ва паси панҷара кардани мухолифонатон даст бардоред", - афзудааст дабири кулли СММ.
Ба навиштаи сомонаи СММ, Пан Ги Мун ахлоқи дипломатиро канор гузошта, кишварҳоеро, ки наметавонанд мушкили вазнини худро имрӯз ҳал кунанд, ба шиддат интиқод кардааст. Вай ёдовар шудааст, ки раҳбарони ҷаҳон дар назди шаҳрвандони худ ҷавобгаранд ва ҷомеаи ҷаҳонӣ барои ҳалли мушкилоти мавҷуда комилан қодир аст.
Дабири кулли СММ гуфтааст, ки бо дили нохоҳам аз мансабаш канор хоҳад рафт. "Тундравон мардумро маҷбур мекунанд, ки ҳамаро ба худию бегона ҷудо кунанд ва замин ба ҳаракатҳои мо бо баланд кардани сатҳи обҳои баҳру гармиҳои набуда ва шамолҳои сахт посух мегӯяд", - илова кардааст Пан Ги Мун.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста