27 ноябри соли равон дар толори Екатеринаи Кремл Президенти Русия Владимир Путин ба миллиардери ӯзбек Алишер Усмонов, ки солҳои дароз дар Русия зиндагӣ ва тиҷорат мекунад, ордени «Барои хизмати шоиста дар назди Ватан» дараҷаи III («За заслуги перед Отечеством» III степени) тақдим намуд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии Президенти Русия.
Алишер Усмонов, ки маҷаллаи бонуфузи Forbes дороии ӯро 12,5 млрд. доллар баҳогузорӣ намудааст, “барои саҳми бузург гузоштан дар рушди иқтисод, фарҳанг ва варзиши Русия” бо чунин мукофоти давлатӣ қадрдонӣ гардид.
Алишер Усмонов дар маросими тақдими ҷоизаҳо гуфт: “Ман аз номи худ ва аҳли кормандон, ҳамаи варзишгарони Федератсияи шамшербозон, ки имрӯз ман онро роҳбарӣ мекунам, ба Президент барои чунин баҳои баланд, миннатдории беандоза баён мекунам. Аз номи ҳамаи кормандони ду ширкати бузург - “Металлинвест” ва “Мегафон” низ ташаккур мегӯям. Хушбахтона, имкон дорам, ки аз номи ҳамдиёрони худ, аз номи тамоми мардуми Ӯзбекистон, ки ман онҷо таваллуд шудаам, аз номи Президент муҳтарам ҷаноби Мирзиёев то шаҳрванди оддӣ, барои дастгирии бародаронаи Шумо ташаккур гӯям”.
Инчунин, ҳамсари Алишер Усмонов Ирина Винер - Усмонова низ ҳамчун сармураббии дастаи мунтахаби Русия оид ба гимнастикаи бадеӣ бо ордени «Барои хизмати шоиста дар назди Ватан» дараҷаи II («За заслуги перед Отечеством» II степени) мукофонида шуд. Дар фармони президент омадааст, ки ӯ “барои саҳми назаррас дар рушди тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ва фаъолияти босамари тӯлонӣ” бо мукофоти давлатӣ қадрдонӣ мегардад.

Владимир Путин ҳамчунин ба кормандони соҳаи саноат, хоҷагии қишлоқ, илм, маориф, тандурустӣ, варзишгарон ва кайҳоннавардон мукофотҳои давлатӣ тақдим намуд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста