Эрон барои марги Қосим Сулаймонӣ 48 нафар, аз ҷумла Доналд Трамп раисҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар пайгарди пулиси байналмилалӣ қарор дод.
Ғуломҳусайн Исмоилӣ сухангӯйи қувваи қазоияи Эрон гуфтааст, ки кишвараш “омирон ва омилон”-и амалиёти сабаби кушта шудани Қосим Сулаймонӣ ва Абумаҳдӣ Муҳандисро дар Эрон ва интерпол таҳти пайгард қарор дод.
Ин мақоми эронӣ гуфтааст, ки Эрон 48 нафар, бо шумули раисҷумҳури ИМА Донад Трамп, фармондеҳон ва мақомоти Пентагон ва неруҳои мустақар дар минтақаро бо зикри ин ки чӣ нақше дар дар ин қатлҳо доштаанд, аз пулиси байналмилали тақозо кардааст ин нафаронро дар хатти сурхи ҷустуҷӯ қарор диҳад.
Ҷустуҷӯй таҳти хатти сурх ба ин маъност, ки бояд қувваҳои фаврӣ барои дастгир ва истирдоди нафарони гумонбар ҷалб шаванд.
Ҳоло маълум нест, ки пулиси байналмилалӣ ё интерпол барои ин тақозои Эрон даст ба кор мешавад ё не.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Аз таҳдиди Трамп то посухи Лориҷонӣ. Идомаи ҳамлаҳои Амрикову Исроил ба Эрон ва посухи Ҷумҳурии Исломӣ
“Азия-Плюс” ва “Ориёнбонк” дар Душанбе дарахт нишонданд
“Риояи қонунро мехоҳем”. Баҳси чанд сокини як бино дар Душанбе бо ширкати бинокори “Лутф-Сохтмон”
Хонандагону донишҷӯён дар ҷашни Наврӯз чанд рӯз истироҳат мекунанд? Вазорати маориф ва илм посух гуфт
33 миллион менависему 500 миллион мехонем. Баъди ифтитоҳи сарҳад тиҷорат миёни Тоҷикистону Қирғизистон дар кадом сатҳ аст?
Мактабе, ки як хонанда ва як омӯзгор дошт, ба филиали мактаби дигар табдил дода шудааст
Боз ҳам касе нахарид. Чойхонаи маъруфи “Харбуза” дар музоядаи 3-юм низ фурӯхта нашуд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 45
Ҳамла ба мактаб ва куштори кӯдакон дар Миноб. Ҷинояте, ки метавонад поёни кори Доналд Трамп ва вазири ҷангаш бошад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 марти соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста