Се кишвари пурнуфузи аврупоӣ Бритониё ва Олмону Фаронса аз Эрон хостаанд, ки аз иқдомаш барои аз сар гирифтани ғанисозии ураниуми ғализи 20 дарсадӣ даст кашад. Эрон ин иқдомашро 4-уми январ эълон карда буд.
Ин кишварҳо гуфтаанд, ки ин кори Эрон “як таҳаввули манфии ҷиддӣ” ва нақзи созиши атомии соли 2015 аст.
Ҳарсе кишвари узви созиши атомӣ дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи 6-уми январ гуфтанд: “Ин амал, ки ваҷҳи возеҳ надорад ва бар хилофи аҳдҳои Эрон аст, созишро ҳарчӣ бештар мешиканад.”
Ҳукумати Эрон рӯзи 4-уми январ гуфт, дар реактори атомии Фордо ба ғанисозии ураниуми 20 дар садӣ оғоз кардааст. Чунин амалкарди Теҳрон талошҳо барои ҳифзи созиши атомӣ бо Эронро мушкил мекунад, бо вуҷуди онки пирӯзии Ҷо Байден умед барои бозгашти Амрико ба созишро бештар кардааст.
Доналд Трамп соли 2018 Амрикоро аз созиши атомии Эрон бо панҷ қудрати ҷаҳонӣ, ки бо номи Барҷом маъруф шуд, берун кард ва таҳримот ба зидди Теҳронро баргардонд. Бар асоси ин созиш, Эрон фаъолиятҳои атомиашро маҳдуд сохт ва таҳримоти сахти иқтисодӣ ба зидди онро сабуктар карданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста