Бархе аз собиқ аъзои хадамоти иктишофии Афғонистон, ки дар ИМА таълим гирифтаанд, инчунин воҳидҳои баргузидаи ҳарбӣ ба сафҳои бахши ташкилоти “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон шомил шудаанд.
Тибқи маълумоти The Wall Street Journal, ба ин кор бо он сабаб даст задаанд, ки пас аз хуруҷи неруҳои амрикоӣ ба ҳоли худашон гузошта шудаанду толибон онҳоро таъқиб мекунанд.
«Теъдоди фирориёни ба гурӯҳи террористӣ пайваста нисбатан кам аст, аммо ба гуфтаи раҳбарони Толибон, маъмурони собиқи амниятии Афғонистон ва афроде, ки фирориёнро мешиносанд, шумори онҳо дар ҳоли афзоиш аст.
Муҳим он аст, ки ин сарбозон дар ҷамъоварии иттилоот ва усули ҷанг таҷрибаи зиёд дошта, эҳтимолан ба тавонмандии ДОИШ ҷиҳати муқовимат бо бартарии неруҳои Толибон тақвият бахшанд”, - менависад нашрия.
Гуфта мешавад, ҳарчанд Толибон ба ҳамаи онҳое, ки дар ҳукумати собиқ кор мекарданд, авф ваъда карда буданд, аммо дар асл онҳоро таъқиб ва саркӯб мекунанд.
Қабл аз хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Афғонистон ва тасарруфи қудрат дар ин кишвар аз сӯи Толибон, бахши афғонии ДОИШ (ДОИШ- Хуросон) як созмони террористии нисбатан ҳошиявӣ (маргиналӣ) буд. Аммо ба далели он, ки низоми пешинаи амнияти Афғонистон комилан аз байн рафту Толибон ҳоло нави онро натавонистанд созмон диҳанд, шумори ҳамалоти террористӣ дар кишвар башиддат афзоиш ёфт, ки масъулияти онро ДОИШ ба дӯш гирифтааст, менависад хабаргузории Фергана.
Аз ҷумла, рӯзи 15 октябр маргталабони як гурӯҳи террористӣ ба масҷиди шиъаҳо дар шаҳри Қандаҳор дар ҷануби Афғонистон ҳамла карданд, ки дар натиҷа 63 нафар ҳалок ва 83 кас захмӣ шуд. 8 октябр як маргталаби дигар худро дар масҷиди шаҳри Кундуз - шимоли кишвар тарконд, ки бар асари он ҳудуди 300 нафар, аз ҷумла кӯдакон ҳалоку захмӣ шуданд.
Илова бар ин, ДОИШ тайи як моҳи ахир ба муассисаҳои динии сунниҳо ҳамла кард. Аз вилоятҳои шарқии Афғонистон, ки бо Покистон ҳаммарз аст, дар бораи тирпарронӣ миёни гуруҳҳои маҳаллии Толибон ва ҷонибдорони ДОИШ пайваста гузоришҳо мунташир мешаванд.
Дар ҳамин ҳол, рӯзҳои ахир намояндагони Толибон гузоришҳоеро мунташир мекунанд, ки ба онҳо муяссар шудааст бо миёнҷигарии пирон даҳҳо ҷангҷӯи ДОИШ-ро ба тарафи худ ҷалб кунанд.
Масалан, рӯзи 1 ноябр маълум шуд, ки дар вилояти шарқии Нангарҳор 34 ҷангҷӯи собиқи ДОИШ ба Толибон пайвастаанд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Озмуни “Беҳтарин ҳамсар”. Интихоб чӣ гуна сурат мегирад ва ғолиб чӣ тавр муайян мешавад?
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Аз хиёл то ҳақиқат”
Эмомалӣ Раҳмон барои иштирок дар ҳамоиши СААД ба Остона рафт
Қурби рубл нисбати сомонӣ то сатҳи бесобиқа тайи 9 соли охир поин рафт
Вазорати нақлиёт гуфт, рухсатнома барои убури сарҳад аз Чин дастрас шудааст
Ҳарифи размикори тоҷик Муҳаммад Наимов дар UFC маълум шуд
“Аз 42 кас барои фиристодан ба Арабистони Саудӣ пул гирифтааст”. Боздошти як мард бо гумони қаллобӣ
“Дар кишварҳои истеҳсолкунанда қимат шуд”. Вазорати энергетика сабаби гаронии гази моеъро шарҳ дод, аммо камчинии онро рад кард
Қоҳир Расулзода дар Хатлон муассисаҳои таълимӣ ва иншооти иҷтимоиро боз кард
Тоҷикистон ва Малдив созишномаи бекор кардани раводидро имзо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста