Гуруҳи террористии ДИИШ масъулияти ҳамлаи рӯзи сешанбе ба беморхонаи Чаҳорсадбистари Сардор Довудхони Кобулро ба дӯш гирифт ва иддао кард, ки дар ин ҳамла яке аз низомиёни баландпояи "Толибон"-ро кушт. Ин гуруҳ мегӯяд, ки дар ин ҳамлаҳо 40 тан аз неруҳои толибонро куштааст.
Дар ҳамин ҳол, ҳукумати толибон гуфтаанд, ки дар пайванд ба ин ҳодиса ду хориҷӣ боздошт шудааст, аммо аз онҳо ном бурда нашудааст.
Рӯзномаи "8 субҳ" бо нақл аз хабаргузории Франспресс менависад, ки дар ҳамлаи дирӯз бар беморхонаи Чаҳорсадбистар Мавлавӣ Ҳамидуллоҳ Мухлис, як масъули баландпояи низомии "Толибон" кушта шудааст.
Мавлавӣ Мухлис фармондеҳи як воҳиди низомии бузург (қулурду) барои Кобул буд. Франспресс ҳамчунин бо нақли қавл аз мақомҳои амниятии ҳукумати сарпарасти "Толибон" навиштааст, ки дар воқеъ яке аз фармондеҳони ин гуруҳ дар ин набард кушта шудааст.
Бар асоси маълумоте, ки вуҷуд дорад, Мавлавӣ Ҳамидуллоҳ Мухлис аъзои шабакаи "Ҳаққонӣ", афсари неруҳои вижаи қитъаи "Бадрӣ" ва фармондеҳи Қулурдуи Кобул мебошад.
Манбаи хабаргузорӣ дар даруни "Толибон" гуфтааст, ки Мавлавӣ Мухлис дар як набарди тан ба тан кушта шудааст.
Ҳамлаи чанд муҳоҷими мусаллаҳ ба ин беморхона нисфирӯзи сешанбеи 2-юми ноябр сурат гирифт ва даргириҳо то соати 19-и шоми он рӯз давом карданд. Гуфта мешавад дар ин ҳамлаҳо 19 тан кушта шудааст.
Гуруҳи ДИИШ, ки бо нашри як эъломия масъулияти ин ҳамларо ба дӯш гирифт, иддао кард, ки ин ҳамла аз сӯйи 5 ҷангҷӯяш ҳамоҳанг ва анҷом шудааст. ДИИШ 5 сол пеш ҳам масъулияти як ҳамлаи маргбор ба ин беморхонаро ба дӯш гирифта буд.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи "Толибон" ҳам гуфт, ки ин ҳамла бо кушта шудани ҳамаи ҳамлакунандаҳо ба поён расид.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста