Фавзия Кӯфӣ, раиси ҷараёни "Мавҷи таҳаввул", яке аз фаъолони ҳуқуқи зан дар Афғонситон, сиёсатмадори бонуфуз ва вакили пешини ин кишвар дар порлумон аз сӯйи Бунёди амрикоии "Пет Тиллман" барандаи ҷоизаи "Қаҳрамони сол" дар соли 2021 шуд.
Гуфта шудааст, ки бону Кӯфӣ ин ҷоизаро барои фаъолиятҳояш дар ростои таъмини сулҳ, дифоъ аз ҳуқуқи башар ба худ ихтисос додааст.
Фавзия Кӯфӣ то суқути Кобул ба дасти "Толибон" узви аршади тими музокиротии давлати Афғонистон бо гурӯҳи “Толибон” дар пойтахти Қатар шаҳри Давҳа буд.
Фавзия Кӯфӣ, соли гузашта вориди рӯйхати номзадҳои эҳтимолии ҷоизаи сулҳи Нобел шуда буд.
Он вақт Шӯрои сулҳи Норвей номи Фавзия Кӯфиро ба унвони яке аз номзадҳои эҳтимоли дарёфткунандаи ҷоизаи сулҳи Нобел матраҳ карда буд. Ин ниҳод гуфта буд, ки бону Фавзия Кӯфӣ бо вуҷуди душвориҳои сахт дар Афғонистон ва ҳатто ҳамлаҳои мусаллаҳона, талошҳо барои сулҳ ва ҳифзи ҳуқуқи занро идома додааст.
Фавзия Кӯфӣ, ки ҳоло раиси Ҳизби мавҷи таҳаввули Афғонистон аст, яке аз сиёсатмадорони матраҳи ин кишвар аст, ки дар хориҷ аз он ҳам матраҳ мебошад.
Фавзия Кӯфӣ зодаи Дарвози вилояти Бадахшони Афғонистон аст, ки 46 сол умр дорад. Ӯро яке аз касоне медонанд, ки дар қабули қонуни манъи хушунат алайҳи зан дар Афғонистон нақши зиёде дорад. Ӯ хатмкардаи риштаи мудирияти бозаргони донишгоҳи Исломободи Покистон ва донишкадаи ҳуқуқи Донишгоҳи Кобул аст.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Тақдири талхи муҳоҷир: чӣ гуна сокини Хуҷанд бе хонаву оила монд?
“Ҳуҷҷатҳоро мехаранд”. Чаро дар Тоҷикистон фарҳанги ронандагӣ коста аст?
Ҳеҷ гоҳ қаламро раҳо накард. Нигоҳе ба рӯзгори ятимӣ ва нақди адабии Соҳиб Табаров
Газ аз поруи чорво: биодайджестерҳо дар Тоҷикистон мушкили мардумро осон мекунанд
Дар мурофиаи чоруми чеҳраҳои шинохта 3 шоҳид алайҳи онҳо баромад кардааст
Таблиғи тарс: чӣ гуна муҳоҷирони тоҷик ҳамчун василаи таблиғ истифода мешаванд?
Корти бонкиро дар ватан фармоиш диҳед, дар Русия гиред
Озмуни “Фурӯғ...”. Рақобат барои “Шоҳҷоиза” чӣ гуна ҷараён гирифт?
Огоҳии дуюм. Вазорати меҳнат хабари пардохти кумакпулиро ба шаҳрвандон рад кард
“Дурӯғ, дурӯғи маҳз ва омор” Оё ҷинояткорӣ миёни муҳоҷирон дар Русия афзудааст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста