Вазири амри маъруф ва наҳй аз мункари "Толибон", дар як суханронияш Ҳомид Карзай, раисҷумҳури пешини Афғонистон, Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси собиқи Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон ва Фазлулҳодӣ Муслимёр, раиси пеши Маҷлиси сано ё сенати Афғонистонро гунаҳкорони бузурги Афғонистон номидааст.
Ин вазири толибон, бо ишора ба ин ки давлати толибон ин ҷинояткорони бузургро масъуният додаву "авф шудаанд ва аз сӯйи давлат муҳофизат мешаванд", пас дигарон ҳам набояд аз Афғонистон фирор кунанду аз толибон натарсанд.
Ин бори аввал аст, ки як мансабдори баландпояи Афғонистон баъди ба даст овардани Кобул, бо чунин лаҳне дар мавриди Карзайу Абдуллоҳ ва Муслимсёр гап мезанад.
Ба навиштаи расонаҳои Афғонистон, ин суханронии вазири толибон рӯзи сешанбе дар маросиме дар вилояти Балх сурат гирифта, ӯ изҳор доштааст: "Оё муҳримини бузургтаре аз Карзай, Абдуллоҳ ва Муслимёр вуҷуд дорад? Аморати исломӣ аз онҳо ҳифозат мекунаду аз дигарон намекунад?".
Ин вазири толибон бо ишора ба мансабдорону мақомҳои ҳукуматҳои пештара ва онҳое, ки аз Афғонистон фирор кардаанд, гуфтааст, ки "онҳо сармояҳои ҳангуфтро аз куҷо ба даст овардаанд, Худованд бо инҳо муҳосаба (ҳисобу китоб) хоҳад кард ва иншоаллоҳ муҷоҳидин (толибон) ҳам муҳосаба хоҳанд кард".

Баъди фирори Ашраф Ғанӣ ва бархе ҳалқаҳои наздик ба ӯ, ки ба дунболи он толибон ба ҳукумати Кобул соҳиб шуданд, Ҳомид Карзай ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар Афғонистон боқӣ монданд ва акнун фаъолияти сиёсӣ мекунанд.
Ин иддаои вазири толибон дар ҳолест, ки пештар бархе манобеъ хабар дода буданд, ки Карзайу Абдуллоҳ дар ҳабси хонагӣ ба сар мебаранд. Ҳарчанд Карзай дар як баёнияе дар ҳабси хонагӣ буданашро рад кард, вале гуфта мешавад, ки онҳо таҳти назорати неруҳои толибон қарор доранд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста