Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба иллати нигаронӣ аз ҳамлаи Русия ба Укроин, ба хонаводаҳои дипломатҳояш дастур дод то Укроинро тарк кунанд. Дар авҷи танишҳо миёни Ғарб ва Русия бар сари Укроин, вазорати хориҷаи Амрико пас аз зуҳри рӯзи якшнабе, ба хонаводаҳои дипломатҳои худ дар Укроин дастур додааст то сафорати ин кишварро дар тарк кунанд.
ABC News гузориш додааст, ки ин дастур ба иллати нигаронӣ аз ҳамлаи Русия ба Укроин содир шудааст. Ин шабакаи телевизионӣ ҳамчунон гузориш додааст, ки сафорати Укроин низ ба кормандони ғайриизтирории худ иҷозаи низ хориҷ шуданро додааст.
Вазорати хориҷаи Амрико аз шаҳрвандонаш хостааст, ки бо парвозҳои тиҷоратӣ қаламрави Укроинро тарк кунанд.
Шабакаи телевизиони амрикоии CNN низ хабар дода аст, ки сафорат аллакай аз Департаменти давлатии Амрико барои бурунрафти хонаводаи дипломатҳо ва кормандони дувумдараҷаи худ дархости иҷозат кардааст. Вале сафорати ИМА дар Укроин то ҳол хабарро шарҳ надодааст.
Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ҳафтаи гузашта дар ҷараёни сафараш ба Киев бо президенти Укроин Владимир Зеленский берунории эҳтимолии дипломатҳои амрикоиро баррасӣ кардааст.
ABC News рӯзи гузашта низ гузориш дода буд, ки Амрико дар ҳоли омода шудан барои содир кардани дастури холӣ кардани сафорат худ дар Укроин аст.
Сухангӯйи вазорати хориҷаи Амрико гуфта буд, ки раванди тахлия (эвакуатсия)-и Укроин монанди он тахлияе нест, ки пас аз суқути Кобул ба дасти Толибон, сурат гирифт.
Аммо иқдоми Амрико барои тахлияи хонаводаҳои дипломатҳои ин кишвар, бархе мансабдорони укроиниро нороҳат кардааст.
Русия сад ҳазор сарбозро дар марз Укроин ҷо ба ҷо кардааст. Амрико гуфтааст, ки Маскав дар талош аст то барои барои ҳамла ба Укроин аст баҳона эҷод кунад.
Ғарбу Амрико ба Русия барои ҳамлаи эҳтимолӣ ба Укроин ҳушдор додаанд.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста