Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баро маълумоте, ки ҷиҳати дастгир кардан ё нобуд сохтани роҳбари гурӯҳи террористии ДОИШ-Хуросон Саноуллоҳ Ғаффорӣ, маъруф бо номи Шаҳоб ал-Муҳоҷир кумак мекунад, 10 млн доллар мукофотпулӣ пешниҳод кард. Маълумоти марбутаро дар ин бора Департаменти давлатии ИМА нашр кард, менависад Фергана.
Бино ба маълумоти хадамоти махсуси амрикоӣ, Ғаффорӣ ДОИШ-Хуросонро моҳи июни соли 2020 ба роҳбарӣ гирифт. Маҳз ӯро гунаҳкори ҳамлаи террористӣ дар назди фурудгоҳи Кобул, ки 26 августи соли гузашта ҳангоми аз ҷониби низомиёни хориҷӣ аз Афғонистон кӯчонидани хориҷиён ва афғонҳо рух дод, гунаҳкор медонанд. Он замон бар асари худро таркондани як маргталаб қариб 170 шаҳрванди Афғонистон ва 13 низомии артиши ИМА ҳалок шуданд.
Рӯзи 4 феврал вазорати дифои ИМА наворҳои ҳавопаймои бесарнишинро аз ҳамлаи рӯзи 26 август нашр кард. Ба гуфтаи ин вазорат, бар асоси таҳлили ин маълумот, низомиён ба ин натиҷа расидаанд, ки танҳо як инфиҷори худкушӣ сурат гирифтааст, ҳарчанд дар аввал зикр шуда буд, ки ду бомбгузори маргталаб дар наздикии фурудгоҳ худро таркондаанд.
Пас аз ин ҳамлаи террористӣ артиши ИМА дар вилояти Нангарҳори шарқи Афғонистон тариқи ҳавопаймои бесарнишин зарбаи ҳавоӣ анҷом дод. Ба гуфтаи низомиён, ба ин васила муяссар шуд, ки ду намояндаи воломақоми ДИИШ- Хуросон, ки бевосита дар омодасозии ҳамла дар наздикии фурудгоҳи Кобул даст доштанд, нобуд карда шаванд.
Моҳи ноябри соли гузашта ИМА нисбат ба Ғаффорӣ ва чандеи дигар аз роҳбарони филиали “Давлати исломӣ” (ДОИШ) дар Афғонистон таҳримҳо ҷорӣ кард.
Қобили зикр аст, ки ин гурӯҳи террористӣ бар зидди ҷангиёни ҳаракати тундгарои “Толибон” ва аҳолии осиштаи Афғонистон фаъолона меҷангад ва амалҳои террористӣ анҷом медиҳад, ки аз онҳо бахусус намояндагони мардуми ҳазораи мазҳаби шиъа осеб мебинанд.
Шохаи "Хуросон"-и ДОИШ дар аввали соли 2015 дар вилояти Нангарҳори Афғонистон пайдо шуда, фаъолиятҳояш дар вилоятҳои Кунар ва Ҷузҷон густариш дод. Фаъолиятҳои ин гуруҳ дар соли 2016 дар пайи амалиёти низомиёни Амрико ва афғон суст шуда буд.
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста