Гуфтугӯи навбатии намояндагони Русия ва Укроин қарор аст, имрӯз, 28-уми март оғоз шаванд, ки то 30-юми март идома меёбанд. Ин бор музокироти ин ду кишвар дар Туркия баргузор шавад. Дар ин бора, Хадамоти хабарҳои Осиёи Марказӣ бо такя ба намояндаи Киев Давид Арахамия хабар додааст.
Владимир Мединский, намояндаи Маскав дар ин музокирот низ ин хабарро тасдиқ кард. Аммо вай макони баргузории гуфтугӯро ошкор накард.
Ҷонибҳо тасмими баргузории ин гуфтугӯро 27 март гирифтаанд.
Даври аввал ва чанди даври дигари гуфтугӯҳои Русия ва Укроин дар бораи ҳалли низоъ дар ҳудуди Белорус анҷом шуд. Сипас он тариқи видеоӣ идома ёфт. Маскав ва Киев ҷузъиёти гуфтугӯҳоро ошкор намекунанд, танҳо пас аз аз нишастҳои хабарҳои расмие нашр мешаваду халос.
Артиши Русия субҳи 24 феврал бо фармони президент Владимир Путин ба Укроин ҳамла кард, ки ҷониби Русия инро "амалиёти вижаи артиши кишвараш" дар Укроин ном мебарад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста