Укрин мумкин аст, мақоми узвияти ба Иттиҳоди Аврупоро моҳи июни соли 2022 соҳиб шавад. Дар ин бора муовини сарвазири Укроин Олга Стефанишина хабар дод.
"Укроин суолнома (анкета)-ро барои узвияти Иттиҳоди Аврупо дарёфт кард. Мо то ин замон бештари корҳои омодагиро анҷом додем, акнун омодаем, ки ба таври фаврӣ амал кунем", - навишт Стефанишина дар твиттер.
Раиси Комисияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен рӯзи 8 апрел бо президенти Укроин Владимип Зеленский дар Киев мулоқот кард ва суолномаро барои шуруъи гуфтугӯҳои шомилшавӣ ба Иттиҳоди Аврупо ба вай супорид.
"Роҳи шумо ба Иттиҳоди Аврупо шуруъ мешавад. Ин роҳи кутоҳе хоҳад буд", - гуфт раиси Комисияи Аврупо.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста