Даҳҳо ҳазор нафар дар шаҳри Еревани Арманистон бо талаби истеъфои сарвазир Никол Пашинян роҳпаймоӣ ва бинои порлумонро муҳосира карданд.
Як қисми тазоҳургарон ба назди бинои Вазорати умури хориҷии Арманистонро рафта, онро низ иҳота карданд.
Яке аз раҳбарони мухолифони Арманистон Ишхан Сагателян аз таҷаммуъгарон даъват кард, ки шаб дар майдон бимонанд. "Бигузор, ҳамаи вазироне, ки ҳуқуқи арманиҳои Қарабоғи Куҳиро ҳимоят намекунанд, "даф шаванд", - гуфт ӯ.
Эътирозҳои оммавӣ бо талаби истеъфои сарвазир Пашинян 25 апрел дар Арманистон оғоз шуданд. Ҳаракати "Муқовимат" ҳукумати сарвазир Никол Пашинянро дар қасди имзои созишнома бо Озарбойҷон ва эътирофи ҳукумронии Озарбойҷон дар тамоми қаламрави Қарабоғи Куҳӣ гунаҳкор мекунад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста