Аз оғози ҳамлаи артиши Русия 32 рӯзноманигор дар Укроин фавтидааст. Дар ин бора рӯзи душанбе вазири фарҳанг ва сиёсати иттилоотии Украина Александр Ткаченко хабар дод.
Дар Укроин рӯзи 6 июн ҳамчун Рӯзи рӯзноманигор таҷлил мешавад. Вазир дар шабакаҳои иҷтимоӣ навишт, рӯзноманигороне, ки дар шароити ҷангӣ фаъолият доранд, гӯиё "дар сафи аввали фронти иттилоотӣ меҷанганд".
"Дар чаҳор моҳи ҷанги фарогир мо 32 ҳамкасбро аз даст додем, дар ҳашт сол теъдоди аз ин бештарро. Шумо қаҳрамонед, Нақши шумо, ҷасорати шумо ва садоқати шумо ба коратон ба таври бояду шояд баҳо дода нашудааст", - навишт Ткаченко.
Созмони "Хабарнигорони бидуни марз", ки қурбониён ва захмиҳо миёни хабарнигоронро сабт мекунад, ба Додгоҳи ҷиноии байналхалқӣ чанд шикоят бурдааст. Ин созмон талаб дорад, ки қатли рӯзноманигорон дар ҷанги Русия зидди Укроин ҳамчун ҷинояти ҷангӣ баҳо дода шавад.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста