Ашраф Ғанӣ дар як мусоҳибаи ихтисосӣ бо шабакаи телевизионии ABN гуфтааст, ки "бар асоси қонуни асосӣ раисҷумҳур будам, то замоне ки мардуми Афғонистон ба сурати қонунӣ қудратро ба каси дигаре вогузор кунанд, раисҷумҳур ҳастам. Ходими мардум будам ва ҳеҷ вақт муттакӣ ба унвонҳо набудам".
Ҳамчунин, Ашраф Ғанӣ раванди сулҳро, ки Залмай Халилзод, фиристодаи вижаи Амрико барои сулҳи Афғонистон роҳбарӣ мекард, интиқод карда, гуфтааст “ба ин шакл, ки музокирот роҳбарӣ шуд, аз нигоҳи таҷрибаи байнулмилалии паймонҳои сулҳ фоҷеа аст" ва илова кардааст “Халилзод бо тарҳҳо ва корҳои худ ҳамаи қишри сиёсии Афғонистонро тақсим карда буд”.
Ашраф Ғанӣ дар ин мусоҳиба аз Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси вақти Шӯрои олии мусолиҳаи миллии Афғонистон низ интиқод карда, ӯро "масъули адами таҳкими ҷумҳурият" номидааст.
Инчунин, Ашраф Ғанӣ оид ба як соли давлатдории Толибон сухан карда, гуфтааст, ки Мулло Ҳайбатуллоҳ Охундзода, раҳбари феълии Толибон қудрат ва салоҳияти Мулло Муҳаммад Умар, бунёдгузори гурӯҳи Толибонро надорад.
Шакли комили мусоҳибаи Ашраф Ғанӣ як соат баъд аз он мунташир шуд, ки Идораи бозрасии вижаи Амрико барои бозсозии Афғонистон (SIGAR) дар гузориши ниҳоии худ оид ба ҳақиқат ё дурӯғ будани дуздии миллионҳо доллар аз сӯйи раисҷумҳури собиқи Афғонистон навишт, ки Ашраф Ғанӣ аз 56 саволи ироагардида ҳамагӣ ба панҷ савол посух дода, онро тавассути вакилони дифоъаш ба SIGAR пешниҳод кардааст.
Қаблан SIGAR дар як гузориши таҳқиқӣ эълон карда буд, ки раисҷумҳури собиқи Афғонистон Ашраф Ғанӣ ҳангоми фирор аз Кобул маблағи камтар аз як миллион доларро бо худ бурдааст, аммо пас аз чанд рӯзи суқути Кобул сафорати Русия дар Афғонистон гуфта буд, ки замони фирори Ашраф Ғанӣ дар се чархбол беш аз 169 миллион доллари нақд ҳам дуздида шудааст.
Ашраф Ғанӣ пештар ҳам дар чанд мусоҳиба ва паёмҳои видеоӣ иттиҳоми бо худ бурдани пули нақдро рад карда, гуфта буд, ки «ман фақат бо як воскат ва чанд даст либос рафтам, ин иттиҳомот дурӯғҳои беасос аст».
Ёдовар мешавем, ки ин дуюмин мусоҳибаи Муҳаммад Ашраф Ғанӣ пас аз фирораш аз Афғонистон дар 15 августи соли 2021 аст ва ин маротиба ҳам ӯ аз муттаҳидону шарикони сиёсии хеш интиқод карда, суқути Кобулро натиҷаи амалкарди нодурусти тамоми иштирокчиёни раванди сулҳи Афғонистон номид.





Обу корези дастрас. Барои аксар он ҳоло орзуи зебое боқӣ мемонад
Тоҷикистон бо кадом кишварҳо реҷаи савдои озод дорад?
Сабти 239 нафақагири аз 100-сола боло. Дар Тоҷикистон чанд нафар нафақа мегиранд ва чанд пул?
Кӯдакон ва занони ҳомила дар зиндони занонаи Норак. Онҳо чӣ шароит доранд?
Эмомалӣ Раҳмон бо раҳбари БОСИ масъалаи лоиҳаи сохтмони “Роғун”-ро баррасӣ кардааст
Дафнпулӣ дар Тоҷикистон. Он чанд пул аст ва соли гузашта чӣ миқдор пардохт шудааст?
Тоҷикистон ба сафи кишварҳои иқтисодашон вобастаи воридот шомил шуд
Ҷинояткорӣ миёни ноболиғон афзудааст. Рамазон Раҳимзода онро “ташвишовар” хонд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 феврали соли 2026
Додситони кул муноқишаи додситони Бӯстон ва ба таври мармуз аз вазифа озод шудани додситони пешини Хатлонро шарҳ дод
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста