Теъдоди нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон ба 3 ҳазор нафар мерасад ва онҳо дар 5 вилояти ин кишвар ҳузури низомӣ доштаанд. Дар ин бора сомонаи ҷабҳа бо нашри нахустин гузориши солонааш хабар медиҳад.
Ба иттилоъи ин гузориш, ҷабҳа бо раҳбарии Аҳмад Масъуд “ҳоло дар Панҷшер, Бағлон, Тахор, Каписо ва Парвон амал мекунад”. Ин гурӯҳи муқовимати миллӣ дар мубориза бо Толибон* аз “кушта шудани 715 сарбози Толибон ва 121 узви ҷабҳа дар набардҳои соли гузашта” хабар медиҳад.
Ин ҷабҳа ҳамчунин, ҳукумати Толибонро дар “куштори ғайринизомиён ва сарбозони ҳукумати пешини Афғонистон” муттаҳам карда ва дар ин бора менависад, ки “дар зери сояи ҳукумати Толибон беш аз 2299 нафар, аз ҷумла кӯдакон, занон, рӯзноманигорон, фаъолони шаҳрвандӣ ва сиёсӣ боздошт, шиканҷа ва парронида шудаанд”.
Таъкид мегардад, ки “Толибон аз 15 августи соли 2021 то 15 августи соли 2022 268 нафар ғайринизомӣ дар Панҷшер ва беш аз 515 нафар дар вилояти Бағлонро ба иттиҳоми ҳамкорӣ бо муқовимат тирборон кардаанд”.
Бар асоси ин гузориш, тайи як соли ахир “беш аз 200 ғайринизомӣ дар Тахор, беш аз 320 ғайринизомӣ дар Қандаҳору Ҳилманд ва Урузгон, 112 ғайринизомӣ дар Балх ва 49 ғайринизомӣ дар Қундуз аз тири нерӯҳои Толибон кушта шудаанд”.
Ҷабҳаи муқовимат меафзояд, ки маълумот ва омори ин гузориш бо такя ба манобеъи мӯътамад, солмандон ва сокинони маҳаллӣ, аъзои хонаводаи қурбониён ва фаъолони шаҳрвандӣ ҷамъоварӣ шудааст.
Дар ин гузориш ҳамчунин, аз боздошт, шиканҷа, зиндон ва муҳокимаи 1700 ғайринизомӣ дар як соли гузашта, ки аз сӯи нерӯҳои Толибон бо баҳонаҳои мухталиф боздошт шудаанд, ёдоварӣ мешавад.
Тазаккур дода мешавад, ки дар соли гузашта “Толибон беш аз 7 ҳазор хонаводаро дар вилоятҳои Панҷшер, Бағлон, Балх, Ғазнӣ ва Сарипул ба далели узвият дар Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ва дигар ҷабҳаҳои зидди Толибон маҷбур кардаанд, ки ба муҳоҷират раванд”.
Ин ҷабҳа, дар бахше аз гузориши худ, дар бораи муборизаи занон бар зидди маҳдудиятҳои ҳукумати Толибон менависад, “дар ин муддат беш аз 80 тазоҳурот аз сӯи занон ташкил шуда, беш аз 200 зани эътирозгар боздошт ва мавриди шиканҷаи Толибон қарор гирифтаанд”.
Дар ҳамин ҳол, Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон иддаоҳои матраҳшуда дар гузориши Ҷабҳаи муқовимати миллиро таблиғот ва овоза донистааст.
Қаблан намояндагони Толибон иддаои кушта шудани сарбозони собиқ, ғайринизомиён ва дар бархе маворид, даргириҳои нирӯҳояш бо нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшерро рад намуда ва иддаъо карда буданд, ки ҳоло амнияти саросари Афғонистонро таъмин кардаанд.
Дар соли гузашта созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башар, аз ҷумла Дидбони ҳуқуқи башар, Афви байналмилал ва Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Афғонистон (UNAMA) низ гузоришҳо дар бораи муҳоҷирати иҷборӣ, куштори ғайринизомиён, нопадидшавӣ ва муҳокимаҳои сарбозонро нашр карда буданд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста