Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои иштирок дар ҳамоиши “Нишасти Вена” ба давлати Австрия сафар кардааст. Дар ин бора Алӣ Майсам Назарӣ, масули равобити хориҷии Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар саҳифаи Твиттери худ хабар дод.
Ӯ навишт, 15-уми сентябр, “Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон дар ҳамоиши “Нишасти Вена” иштирок ва суханронӣ хоҳад кард”.
Ҳамчунин, Алӣ Майсам Назарӣ иттилоъ дод, ки дар ин ҳамоиш 30 чеҳраи сиёсии Афғонистон, ки бо Толибон мухолифат доранд, иштирок мекунанд.
Хабаргузории “Aamaj News” исми чанде аз иштирокчиёни ин ҳамоишро ошкор кард. Он навишт, дар ин ҳамоиш ба ҷуз аз Аҳмад Масъуд, ҳамчунин Раҳматуллоҳ Набил, сардори собиқи Хадамоти бехатрии Афғонистон, Залмай Расул, Рангин Додфар Спанто, вазирони собиқи корҳои хориҷии Афғонистон, Шукрия Баракзай, сафири собиқи Афғонистон дар Норвегия, Фавзия Куфӣ, аъзои ҳайати ҷумҳурӣ дар гуфтушунид бо Толибон, Сайёд Тайиб Ҷовид сафири собиқи Афғонистон дар Русия, Маҳмуд Сайқал, намояндаи доимии собиқи Афғонистон дар СММ иштирок хоҳанд кард.
Дар ҳамин ҳол, дар мавриди иштироки чеҳраҳои саршиноси Афғонитони то суқут, аз ҷумла Ато Муҳаммади Нур, Абдулрашид Дӯстум, Исмоилхон, Амруллоҳ Солеҳ ҳеҷ иттилое дода намешад.
Гуфта мешавад, ки ин ҳамоиш бо ибтикори Донишкадаи равобити байналмилалии Австрия ташкил шуда, се рӯз давом меёбад ва зимни он асосан муқовимати сиёсӣ ва низомӣ алайҳи Толибон баррасӣ хоҳад шуд.
Алӣ Майсам Назарӣ дар сафҳаи Твиттери худ навишт, ки ин “нишаст нахустин минбарест, ки мухолифони Толибон дар он гирди ҳам меоянд ва дар мавриди Афғонистони сулҳомез ва демократӣ баҳс мекунанд”.
Ёдовар мешавем, ки рас аз суқути Афғонистон, ин нахустин бор аст, ки пойтахти яке аз кишварҳои ғарбӣ аз чеҳраҳои мухолифи Толибон мизбонӣ мекунад.
То ин дам, Норвегия ва Ӯзбекистон бо ташкили конфронс расман ба Толибон минбар дода буданд, то ин гуруҳ худро муаррифӣ намояд, аммо ба андешаи аксари коршиносон, Толибон натавонистанд касеро ба пойбандии худ ба қавонини байналмилалӣ ва тавони ташкили ҳукумати ҳамашумул бовар кунонанд.
*Дар Тоҷикистон гурӯҳи террористӣ эътироф шудааст
Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо - "Афғонистон" бихонед.




Аз мубориза бо ифротгароӣ то бозшавии сарҳад. 15 маводи пурхонандаи бахши тоҷикии “Азия-Плюс” дар соли 2025
Масоили иҷтимоӣ ё дасти хориҷӣ? Талаби эътирозгарон дар Эрон ва посухи роҳбарони ин кишвар ба онҳо
16 сол пеш фурӯши саҳмияҳои “Роғун” оғоз гардид. Чӣ қадар маблағ ҷамъ шуд ва саҳмияҳо кай фоида меоранд?
Ҷаримаи ду корманди шабакаҳои тақсимоти барқ дар Ҳамадонӣ ва Ваҳдат барои “дуздӣ”-и барқ
Маҳмурод Ашӯров баъди нашри гузориши “Азия-Плюс” Назурбибиро пайдо кард
Шаби Соли нав дар Тоҷикистон наздики 700 кӯдак таваллуд шудааст
18 довар аз Тоҷикистон ба рӯйхати доварони ФИФА дар соли 2026 ворид шуданд
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 1
Соли 2026 дар Тоҷикистон кадом роҳҳо сохта мешаванд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 6 январи соли 2026
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста